Намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Инфо-Стратегия: «Ҷомеа, давлат маориф», ки дар шаҳри Самараи Федератсияи Русия баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар конференсия намояндагони 14 давлат ҷамъ омада, доир ба мушкилоти мавҷудаи рақамикунонии соҳаи маориф ва роҳҳои бартараф намудани он муҳокимаронӣ намуданд.
Иштирокдорони конференсия масъалаҳоро вобаста ба муҳимияти ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ ба низоми маориф ва идораи давлатӣ, дастовардҳои ҷорӣ ва нақшаҳои ояндаи табдили рақамӣ дар минтақа, аҳамияти ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ ба раванди таълим, зарурати рушди малакаҳои рақамӣ дар омӯзгорон ва хонандагон баррасӣ намуданд.