Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart City) –и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар 150 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида шудааст. Тавассути ин барнома фаъолияти 10 ҳазору 456 нафар омӯзгор, 250 ҳазору 31 нафар хонанда тибқи барномаи мазкур назорат мешавад ва аз он 207 ҳазору 725 нафар волидайн истифода мебаранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Бояд гуфт, ки барномаи «eDonish» хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидайни хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.
Тавассути ин барнома, волидайн метавонанд вазифаҳои хонагии фарзандонашонро аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар маълумоти заруриро, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ мерасанд, бо паёмак ба телефон дастрас намоянд.
Гузашта аз ин, барномаи «eDonish» ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки бо волидайни хонандагон робитаи боз ҳам зичтар ва доимӣ барқарор намоянду роҷеъ ба раванди таҳсили ҳар хонанда ва сатҳи пешрафти онҳо дар робита бошанд.