Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии иҷтимоии наврасону ҷавонони лаёқатманд озмуни навбатӣ барои дарёфти стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соли хониши 2024 – 2025 доир мегардад.
Довталабони стипендия хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, ки давоми ду соли таҳсил бо баҳои аъло таҳсил намуда, бо рафтори намунавӣ дар корҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъол намудаанд, буда метавонанд:
Довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмуни стипендияро доранд ҳуҷҷатҳои зеринро то 1 – уми августи соли 2024 соати 17:00 бояд пешниҳод намоянд:
аризаи довталаб (бо дастхати худаш) барои иштирок дар озмун бо нишон додани номи муассисаи таълимӣ;
суратҷаласа оид ба пешниҳоди номзад ба даври ниҳоии озмуни стипендия;
– тавсифнома
– тарҷумаи ҳол;
рўйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, ки бо имзои роҳбар ва муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст (барои хонандагони МТМУ)
нусхаи дафтарчаи имтиҳонот, ки аз тарафи маъмурияти факулта тасдиқ шудааст (барои донишҷӯён);
— нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд;
— 4 дона расми андозааш 3х4.
ва нусхаи қарори Шӯрои омузгорон.
Шакли супоридани санҷиш дар доираи барномаи таълимӣ гузаронида мешавад.
Ҳуҷҷатҳо ва рӯйхати довталабон бо тасдиқ ва мактуби расмии муассисаи пешиҳодкунанда тавассути бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳо қабул карда мешаванд.
Телефонҳо барои маълумот:
2217283, 934603031, 907778567
2331576, 777150707 ноҳияи Фирдавсӣ
2277963, 933999819 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
2270134, 555558421 ноҳияи Шоҳмансур
902900902, 917444466 ноҳияи Сино