БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ №1 ВА №52 НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

8-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартараф кардани камбудиву мушкилоти соҳа, инчунин, назорати рафти баргузории аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми хонандагон, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба анҷоми соли таҳсил муовини вазири маориф ва илм З. Абдулзода аз муассисаҳои таҳсилоти умумии №1 ва №52 ноҳияи Исмоили Сомонӣ дидан намуд.Нахуст, муовини вазир ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 ташриф овард. Иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии муассисаи мазкур соли 1964 барои 980 нафар ва бинои дуюм соли 1985 барои 600 нафар сохта шудааст. Биноҳои муассиса соли 2015 аз таъмири асосӣ бароварда шуда, айни ҳол дар муассиса 57 нафар омӯзгор фаъолият менамояд.Зимни боздид муовини вазири маориф ва илм аз кабинети методии муассиса дидан намуда, бо омӯзгорон, хусуан омӯзгорони ҷавон суҳбати самимӣ анҷом дод. Ҳамзамон, ба маъмурият ва роҳбарони синф ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои бамушоҳидарасида дар самти номураттабии китоби фармоишҳо (саривақт ба тасвиб расонидани фармоишҳо ва мувофиқат накардани муҳлатҳои онҳо, мавҷуд набудани фармоишҳо оид ба амалигардонии қарорҳои шӯрои педагогӣ, бе фармоиш ба аттестатсия роҳ додани хонандагон) ва тибқи талабот ба роҳ мондани аттестатсия дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар рафти суҳбат, инчунин, ҷиҳати риояи нагардидани меъёри баҳогузорӣ ва баррасӣ нагардидани Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон изҳори нигаронӣ карда шуд, зеро новобаста аз таъкиду дастури Сарраёсати маорифи шаҳр ва бахши маорифи ноҳия санади мазкур дар байни омӯзгорон ва хонандагону падару модари хонандагони синфи 11-Б корбарӣ нашудааст.Сипас, муовини вазир З.Абдулзода аз муассисаи таҳсилоти умумии №1 ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздид ба амал овард.Дар ин муассиса ба маъмурият ва омӯзгорон ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатнокии хонандагон ва риояи Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон дастурҳои қатъӣ дода шуд. Зеро муайян гардид, ки муоширати байниҳамдигарии хонандагон ва риояи либоси тавсиявӣ дар муассиса дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Дар ин робита, таъкид гардид, ки бояд робита бо падару модарон таҳким бахшида шавад.Дар баробари ин, ба омӯзгорон дар хусуси саривақт гузоштани баҳои аттестатсия ва ҷамъбастии хонандагон супориш дода шуд.Дар муассисаҳои таълимии болозикр муовини вазир доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ёдовар шуда, ҳамзамон, зикр кард, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва чанде дигар як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ин рӯ, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат, Пешвои муаззами миллат ва Вазорати маориф ва илм фаъолияти дучанд намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *