Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президент» дар шаҳри Душанбе озмуни «Аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра» баргузор гардид. Дар он 118 нафар хонандагон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок карда, барои ба даст овардани аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра донишозмоӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Танҳо хонандагони болаёқату соҳибистеъдоде метавонанд аттестати аълои универсалӣ ва равиявиро бо медалҳои тилло ва нуқра ба даст оранд, ки ҳамаи фанҳои барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро дар сатҳи аъло аз худ намудаанд.
Тибқи Низомномаи ин озмун, дар он хонандагоне иштирок карда метавонанд, ки синфи 9-умро бо аттестати аъло ва имтиҳонҳои синфи 10, 11-ро бо баҳои 5 ва рафтори намунавӣ хатм кардаанд.
Озмун ду бахшро дар бар гирифта, дар бахши аввал довталабон аз фанҳои забон ва адабиёт ва риёзиёт имтиҳон супориданд. Қарор аст, ки дар идомаи озмун довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз 12 фанни таълимӣ ва довталабони аттестати аълои равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз 6 фанни таълимӣ имтиҳон супоранд. Натиҷаи озмун баъди ҷамъбасти холҳои ниҳоии довталабон муайян карда мешавад.
Барои гузаронидани санҷишҳои фаннӣ бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимони шинохта ва устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат комиссияҳои фаннӣ таъсис дода шудаанд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон