ар нимсолаи якуми соли 2024 83 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба озмуни чоп пешниҳод гардида, 47 номгӯйи онҳо ба теъдоди умумии 1 миллиону 574 ҳазор нусха нашр шуд, иттилоъ дода шуд имрӯз, зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Айни замон чопи 36 номгӯйи китоби дарсӣ бо теъдодӣ умумии 1 миллион 570 ҳазор нусха идома дорад, ки давра ба давра давоми сол нашр ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастрас мешавад», — гуфт Вазири маориф ва илм.
Дар ин давра ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои дигари таълимӣ 3 миллиону 400 ҳазор нусха китоби дарсӣ дастрас шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 900 ҳазору 184 нусха зиёд мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳирҷон САИД (АКС)