Имрӯз вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони сохаи маориф ташриф оварда аз раванди баргузории машғулиятҳои семинари омӯзишии Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии дастоварди таҳсили хонандагон PISA боздид намуданд. Зимни боздид бо иштирокчиёни омӯзиш аз наздик шуда, оид ба раванди машғулиятҳо, маводи омӯзиш, фаъолияти тренерон сӯҳбат намуда, ҷиҳати иштирок дар PISA-2025 тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

Дар навбати худ иштирокчиён ба вазири маориф ва илми барои ташкили чунин омӯзишҳо изҳори миннатдорӣ намуда, иброз намуданд, ки барои иштирок дар PISA-2025 омодагии ҳамаҷониба мегиранд.
Дар раванди суҳбат вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазир Каримзода Равшан ва Ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз ҳамроҳӣ намуданд.