Масъалаҳои гузариш ба таҳсилоти рақамӣ, омӯзиши фарогир ва таҳияи консепсияи миллӣ зимни вохӯрии муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ ҷонибҳо нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ, баргузории семинару вохӯриҳо ва дигар масъалаҳои соҳаи маорифро баррасӣ намуданд.
Зимни мулоқот аз рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Иброз гардид, ки Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият менамояд ва яке аз шарикони асосии рушди соҳаи маориф ба шумор меравад.
Вохӯрӣ дар рушду тавсеаи ҳамкорӣ, махсусан амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда мегузорад.