Ифтитоҳи бинои кӯдакистони №1 баъди навсозӣ дар шаҳри Конибодом

10 сентябр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом Муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ба номи “Нури Робия”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, сарпарасти Фонди хайриявии “Музаффар” Даврон Ҷураев аз нав бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Кӯдакистон ҳанӯз соли 1936 сохта шуда, соли 1999 бинобар садамавӣ шуданаш вайрон карда шуда буд.

Боғчаи нави бачагона дар доираи вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ дар масоҳати 1500 метри мураббаъ бо харҷи 6 миллион сомонӣ мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ аз нав сохта ва ҷиҳозонида шуд. Ин боғча барои фарогирӣ ба таълиму тарбияи 180 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Бинои кудакистон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он корҳои сохтмонӣ ҳануз аз соли 2023 оғоз гардид ва имрӯз бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Дар рафти сохтмонназдики 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар саҳни кӯдакистони “Нури Робия” ду айвончаи рангин ва як саҳнаи калон мавҷуд аст, ки барои солимии кӯдакон ва гузаронидани машғулиятҳо мусоид мебошад. Инчунин барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидааст. Айни замон 6 омӯзгор ва 6 мураббияи ботаҷриба барои таълиму тарбияи кӯдакон ба кор ҷалб шуда,12 нафари дигар ба ҳайси мушовири методӣ, ошпаз, табиб ва ғайра фаъолият мебаранд.

Мавҷудияти толори алоҳида барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ, толори варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ, ошхонаи замонавӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулот ва ҳуҷраи тиббӣ аз шароити дигари зарурӣ дар кӯдакистон мебошад. Боғча ҳамчунин дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ аст.

Хотиррасон бояд намуд, ки имрӯз дар шаҳри Конибодом 20 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 1020 кӯдак дар асоси барномаҳои давлатии таълимӣ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар бинои кӯдакистон ба соҳибкори ватанӣ барои ҳамдилию ҳамовозӣ бо сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба масъулон барои истифодаи босамар аз имконоти фароҳамшуда, баҳри таълиму тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *