Аз 24 то 26 сентябр дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол-2024» доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода иброз намуд, ки озмун ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсили томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфти мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, қадрдонии меҳнат ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Аз тарафи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани озмун тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар озмун иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз рӯйи шаш шарт ҳунару маҳорат месанҷанд.