ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ «ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД

7-уми октябри соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласаи мазкур Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндаҳои вазорату идораҳо, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд.

Оид ба фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мо ҳамагон шоҳидем, ки 1-уми сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ин бинои бошукуҳ иштирок ва ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид намудан: “Рушди соҳаи маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки дар ин марҳала низоми босуботи маориф ва вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид. Вале дар баробари ин, соҳаи маориф ва илми кишвар имрӯз аз мову шумо фаъолияти боз ҳам бештару масъулона ва дигаргуниҳои куллиро талаб менамояд. Агар мо хоҳем, ки дар оянда миллати босаводу пешрафта бошем, давлати аз лиҳози илмӣ ва техникиву технологӣ тараққикарда дошта бошем ва сатҳи зиндагии ҷомеаро бамаротиб баланд бардошта тавонем, бояд масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгоронро баланд бардорем”.

Вазорати маориф ва илм дар иртибот ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия, барнома ва консепсияҳои амалкунанда дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои судмандро ба анҷом расонид.

Сипас, дар қисмати музокира суханронии Каримзода Шафқат – директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм, Усмон Маҳмадёрзода – ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Мадина Набизода – сардори раёсати маорифи вилояти Суғд шунида шуда, аз ҷониби онҳо ҳисоботи нуҳмоҳаи Вазорати маориф ва илм қаноатбахш ҳисобида шуд.

Ҳамчунин, вазири маориф ва илм иброз намуд, ки дар баробари ҳамаи дастоварду мушкилоти ҷойдошта моро зарур аст, масъалаҳои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаву дорои тахассус, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ ба кабинетҳои фаннӣ, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олии касбӣ ва дигар масъалаҳои муҳим диққати махсус зоҳир намоем. Ҳалли ин масъалаҳо ва рафъи мушкилоти ҷойдошта, ки тамоми фаъолияти соҳаи маориф ба онҳо вобастагии сахт дорад, вазифаи ҷонии кормандони соҳа ба шумор меравад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *