22 октябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо, тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ дар ҷомеа, тарбияи ватандӯстиву маънавии қишрҳои гуногуни ҷомеа махсусан наврасону ҷавонон тавассути мутолиаи китоб бо иштирок ва суханронии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагон аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, намояндагони ВАО, хонандагону мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишвар ва дигар меҳмонону дӯстдорони китоб Намоиши 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш аз ноширони ватанӣ: “Маориф”, “Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик”, “Ирфон”, “Адиб”, “Эр-граф”, “Эко — принт”, ҶДММ “Балоғат”, “Сухан”, ҶДММ “Ношир”, КВДТС “Китоб”, “Истиқбол” КВД “Шарқи озод”, “Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ”, “Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода” “Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” “Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ва ноширони хориҷӣ аз кишварҳои Россия, Туркия, Туркманистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Эрон ва ғайра бо беҳтарин намунаҳои китобҳои муассисаҳои табъу нашри хеш иштирок доранд.
Зимнан дар доираи Намоиши 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” дар толори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо иштироки олимон ва шоирону нависандагон конференсияи илмӣ-амалӣ ва рӯнамоии китобҳои тозанашр баргузор гардид.
Маврид ба зикр мебошад, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 инҷониб ҳамасола Намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе” доир мегардад. Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” то рӯзи 24-уми октябри соли 2024 идома менамояд.
Марҳабо ба Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе”