Новобаста аз сабукиҳо ва имконоти фароҳам овардаи Интернет бонги хатари он ҳамарӯза ба гӯш мерасад. Мутахассисон дар бораи зарари воситаҳои истифодаи Интернет (аз ҷумла телефонҳои мобилӣ) ба саломатӣ ва шуури одамон зиёд мегӯянд. Яке воситаҳои интернетро сабаби камхобӣ, дигаре сабаби фаромӯшхотирӣ, сеюмин сабаби гирифтор шудан ба бемориҳои музмир ва чорумӣ сабаби дур шудан аз дунёи воқеӣ медонад. Аммо ҳеҷ як ҳушдори на табиб ва на таҷрибадорон вобастагии қишри калони ҷомеа аз Интернетро бартараф карда наметавонанд. Ба ҳамин хотир, тавсияҳои зеринро барои волидон таҳия кардем.Ø Агар фарзанди шумо 8-10-сол аст:1. Бо кӯдак дар бораи шавқмандиҳои ӯ ба Интернет ва мавзӯъҳое, ки ҷустуҷӯ мекунад, сӯҳбат кунед. Ба ҳеҷ ваҷҳ иҷоза надиҳед, ки Интернет барои кӯдак ягона манбаи иттилоъ бошад. Таъкид кунед, ки бо вуҷуди дарёфти маълумоти аз диди худаш саҳеҳ, дурустии онро як бори дигар аз калонсолон пурсад.2. Дар бораи хатарҳои истифодаи Иинтернет ба кӯдак маълумот диҳед.3. Таъкид кунед, ки маълумоти шахсии худ ва волидонро ифшо накунад.4. Аз тамошои акс ва наворҳои тарсовар ӯро манъ кунед.5. Зуд-зуд таассуроти кӯдакро аз маълумотҳое, ки аз Интернет мегирад, пурсон шавед.6. Сомонаҳои ба ӯ дар ин син нолозимро масдуд кунед.7. Иҷоза надиҳед, ки тавассути паёмраснҳо (месенҷер, вайбер, имо, вотсап, инстаграм, одноклассники, чӣ гап, салом ва ғайраҳо) ба ғайр аз хешовандон бо каси дигар сӯҳбат кунад.8. Ба кӯдак почтаи электронӣ накушоед. Бигузоред аз шуморо истифода барад.9. Агар дар Интернет ягон хато кард, ҷиддӣ сарзанишаш накунед. Тавре муносибат кунед, ки дар бораи амалҳои худ дар Интернет ба шумо нақл кунад.Ø Агар фарзанди шумо 11-13-сола аст:1. Компютер, планшет ва телефонҳоеро, ки ба Интернет пайвастанд, дар ҳуҷраи фарзандатон нагузоред.2. Хоҳиш кунед, ки кӯдак дар бораи амалҳои худ ва нафароне, ки тавассути Инетернет ҳамсӯҳбат мешавад, ба шумо маълумот диҳад.3. Коре кунед, ки кӯдак маълумоти шахсӣ ва аксҳояшро бе иҷозати шумо паҳн накунад.4. Ба кӯдак фаҳмонед, то бо нафароне, ки тавассути интернет шинос шудаанд, вохӯрӣ накунад.5. Барномаҳои интернетиеро, ки кӯдак истифода мебарад, дар телефони худ низ насб кунед ва ба паёмакҳои онҳо дастрасӣ пайдо кунед.6. Дар бораи кибербулинг ба кӯдак маълумот диҳед.7. Таърихи ҷустуҷӯ (история поиска)-и кӯдакро мунтазам тафтиш кунед.8. Иҷоза надиҳед, ки аз номи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа кушоянд.9. Ба ӯ сомонаҳои муфидро тавсия диҳед.Ø Агар фарзанди шумо 14-18-сола аст:1. Дар бораи қоидаҳои истифодаи бехатари интернет ба ӯ бештар маълумот диҳед.2. Баъзан паёмакҳоеро, ки дар Интернет мефиристад, хонед.3. Барои истифодаи Интернет қатъиян вақт ҷудо кунед.4. Бо кӯдак дар бораи амалҳои ӯ ва нафароне, ки тавассути Интернет гап мезанад, сӯҳбат кунед. Мунтазам пурсед, ки оё ӯ ягон амали ғайриодии дӯстони интернетиашро мушоҳида намекунад?5. Ба ӯ фаҳмонед, ки пеш аз шиносоӣ бо нафаре дар Интернет аз шумо иҷоза пурсад ва дар бораи ӯ ба шумо маълумот диҳад.6. Агар кӯдак хоҳад, ки бо нафаре вохӯрад, ки танҳо тавассути Инетернет сӯҳбат кардаанд, бо кӯдак якҷоя ба вохӯрӣ равед.7. Шавқмандии кӯдак дар ин сол барои донистани баъзе амалҳо меафзояд. Агар хоҳед, ки кӯдакон маълумоти нозукро аз Интернет дастрас накунанд, пас худатон кӯшиш кунед, ки баъзе масъалаҳоеро, ки кӯдакони сини гузариш шавқманданд, ба ӯ фаҳмонед.8. Ба кӯдак дар бораи хатарҳои истифодаи интернет бештар маълумот диҳед.9. Амалиётҳои молиявии кӯдак, аз ҷумла хариди молу хизматрасониҳоро тавассути интернет пайваста назора кунед.10. Баъзан таърихи ҷустуҷӯ (история поиска)-и кӯдакро тафтиш кунед.
Таҳияи Шавкат Каримзода — директори МД «Маркази таҳлилӣ — иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва Нурулло Ғафуриён