ҲАДАФ: ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ БАРНОМАИ ЭЛЕКТРОНИИ “EDONISH”

9-10 январи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” тренинги омӯзишӣ барои маъмурони барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Чорабиниро директори МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Муродзода З. ифтитоҳ намуда, масқади баргузории тренинги мазкурро изҳор дошт.

Таъкид гардид, ки “eDonish” барномаи иттилоотии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе буда, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз соли 2020 инҷониб дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе татбиқ гардида, барои гузариш ба таҳсилоти рақамӣ заминаи асосиро ба вуҷуд овардааст.

Дар идома, сармутахассиси шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои КВД “Шаҳри ҳушманд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Комилзода Д. баромад намуда, имкониятҳои барномаи электронии “eDonish”-ро баён сохт.

Чорабинии мазкур ду рӯз идома дошт ва ҳадаф аз баргузории он баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили малака ва маҳорати касбии маъмурон, инчунин таъмини истифодаи самараноки барномаи электронии “eDonish” ва истифодаи фарогири технологияҳои рақамӣ буд.

Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён бо усулҳои самараноки истифодаи барномаи “eDonish” ва назорати мунтазами фаъолияти камераҳои Face ID шинос шуданд.

Тренинг барои татбиқи самаранок ва истифодаи фарогири барномаи “eDonish” равона гардида, иштирокчиён бо усулҳои кор бо барнома ва роҳҳои таъмини фаъолияти мунтазами системаҳои назоратӣ ошно гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *