ТАҲИЯИ БАРНОМАҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ВА ТАРБИЯВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ВА МАРКАЗ (ГУРӮҲ)-ҲОИ ИНКИШОФИ БАРВАҚТИИ КӮДАК

Дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ вобаста ба таҳияи барномаҳои нави таълимиву тарбиявӣ ва дастурҳои методиву ёрирасон дар муассисаҳои томактабӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрии мазкур муовини вазири маориф ва илм ба ҳайси роҳбари гурӯҳ баромад намуда, иброз дошт, ки ба таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба он аз ҷониби роҳбарияти мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус зоҳир мегардад. Исботи ин гуфтаҳо дар Паёми Президенти мамлакат бараъло намоён аст, ки иброз намуданд, то соли 2030 фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бояд то 50% дар ҳудуди кишвар расонида шавад. Аз ин лиҳоз, таҳияи барномаҳои нави таълимӣ ва тарбиявӣ дар муассисаҳои томактабӣ, марказ (гурӯҳ)-ҳои инкишофи барвақтии кӯдак саривақтӣ мебошад.

Гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои дахлдори тобеи вазорат таъсис дода шуда, вазифадор гардиданд, ки то 1 марти соли 2025 барномаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ дар муассисаҳои томактабӣ, марказ (гурӯҳ)-ҳои инкишофи барвақтии кӯдак, дастурҳои методӣ ва ёрирасон барои мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, омӯзгорони марказ (гурӯҳ)-ҳои инкишофи барвақтии кӯдак ва дигар шаклҳои алтернативии таълиму тарбияи томактабиро дар асоси Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои тасдиқ ба ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *