
Бо мақсади ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба забономӯзӣ имрӯз дар пойтахти кишвар озмуни шаҳрии “ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ” бо иштироки бевоситаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа — Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе — Исмоилзода Баҳром Мансур, муовинони сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он расман оғоз гардид.
Ҳадафи асосии озмуни мазкур ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба забономӯзӣ буда, барои дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт замина фароҳам месозад.
Баргузории озмун дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 17 марти соли 2025, №165 амалӣ гардида, он байни хонандагони синфҳои 5–8 ва 9–11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо ва гимназияҳо (типи нав)-и шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Озмун вобаста ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар ду бахш – назариявӣ ва амалӣ – аз рӯйи шартҳои зерин мегузарад:
• Эссе (бо се забон)
• Имло (санҷиши дурустии навишти калимаҳо дар матн)
• Маҳорати суханварӣ (бо се забон)
• Тарҷума (аз забони тоҷикӣ ба русӣ ва англисӣ)
• Қироати шеър (бо се забон)
Озмун аз моҳи январ то моҳи апрел дар се давр баргузор гардида, таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳ монда шудааст ва иқдоми мазкур дар доираи иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №438 ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз 18 марти соли 2024 №795 бо мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ роҳандозӣ шудааст.
Аз рӯйи натоиҷи даври ноҳиявӣ, 52 нафар ғолибон ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфтанд, ки рӯйхати онҳо ба Кумитаи тадорукот пешниҳод шудааст.Бо мақсади шаффофият ва сатҳи баланди баргузорӣ, ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимон ва мутахассисони варзидаи кишвар ташкил шудааст.
Озмуни мазкур таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, ғолибони он бахшида ба Рӯзи пойтахт аз рӯйи ҳар як гурӯҳҳои синну солӣ ва мақоми муассисаҳои таълимӣ дар алоҳидагӣ бо мукофотпулӣ:
• ҷойҳои якум 15 000 сомонӣ
• ҷойҳои дуюм 10 000 сомонӣ
• ҷойҳои сеюм 5 000 сомонӣ сарфароз карда мешаванд.