
10 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисии МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур бо иштироки кормандони Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар маҷлиси назоратӣ масъалаҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани даври шаҳри Озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат”, баргузории корҳои ободонӣ, риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳангоми муошират бо шаҳрвандон аз ҷониби омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт, сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби омӯзгорону мураббиён ва хонандагон, таҳлили вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуд.




Инчунин, дар рафти ҷаласа директорони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе вобаста ба ҳолати таъмини тарбиягирандагон бо хӯрока, сару либос, китобу маводҳои хониш, захираи маводҳои хӯрока ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 гузориш дода, зикр намуданд, ки дар ин самт мушкилот ҷой надорад.
Дар рафти ҷаласа ба сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маориф Бобозода Асомиддин, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии насли наврасу ҷавон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор баргузории корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат диҳанд.
Дар идома Исмоилзода Баҳром Мансур-сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Самиев Ҷумахон- мудири шуъбаи таъминоти кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо Медали ҷашнии 30-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қадрдонӣ гардиданд.