
16 сентябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе” дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 2025, №1121 Ҳафтаи “Бозёфт” ташкил ва баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории иқдоми мазкур ҷалби бештари хонандагон дар олимпиадаҳо, дастгирӣ ва рушди хонандагони боистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ, ҷалби наврсону ҷавонон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ равона карда шудааст.
Қабули хонандагон ба Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ” аз рӯйи 13 фанни таълимӣ давоми панҷ рӯз сурат гирифта, хонандагони синфҳои 5-11 тариқи саволномаи тестӣ ва дигар усулҳои муайянкунандаи лаёқатмандӣ ба маҳфилҳои фаннии иттиҳодияҳои таълимӣ ҷалб карда мешаванд.
Лозим ба қайд аст, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе » вобаста ба иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи гуногун гуруҳҳои омодагӣ ва олимпӣ ташкил карда шудааст. Инчунин марказ барои онҳое, ки мехоҳанд дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзанд имкони омодагиро фароҳам овардааст.
Барои маълумот ва бақайдигӣ волидайн ва хоҳишмандон метавонанд ба рақамҳои зерин дар тамос бошанд: 2350274, 2369978