
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахусус дастгириҳои бесобиқаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар толори меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” чорабинии идона ба муносибати Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири арҷгузорӣ ба заҳматҳои аҳли маорифу маърифат, яъне омўзгорон ҳамеша тадбирҳои амалӣ андешида, чунин чорабиниҳо давоми мантиқии иқдомоти мазкур ба шумор меравад.
Дар маросими ифтитоҳи расмии чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим баромад намуда, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосатан аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва гиромидошти Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, дар иҷрои рисолати муқаддасу пурифтихори тарбиятгарӣ барору комёбиҳои тоза ва саодату сарбаландиро таманно намуда, қайд намуданд, ки омӯзгор татбиқкунандаи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Инчунин, зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатдориву давлатсозияшон соҳаи маориф ва забони давлатиро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, онҳоро ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва муҳими давлатдорӣ, маънидод намудаанд.
Воқеан ҳам, аҳли маориф, бахусус устодону омӯзгорон ба туфайли таълиму тарбия ва ирсоли донишу маърифату заковат аз насл ба насли дигар барои нигоҳ доштани асолат ва покии забон, хирад, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ заҳмат кашида, барои ба камол расонидани насли бедорфикру босавод, ватандӯсту худогоҳ ва пешоҳангу бонангу номус саҳми бесобиқа доранд, ки ин рисолат касби онҳоро дар ҳақиқат пурифтихор ва бошараф гардонидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, алалхусус Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи хеш дар соҳаи иҷтимоӣ, ба хусус дар соҳаи маориф ташаббусу иқдомҳои беназирро рӯи кор оварда, бо бунёди муассисаҳои нави таълимии замонавӣ, дар баробари фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ, таваҷҷӯҳи асосиро ба таъмини муҳити созкори кору фаъолият барои омӯзгорон равона месозанд, ки ҳамагон шоҳиди ҳол мебошем.
Дар идомаи чорабинӣ, бо мақсади иҷрои банди 14 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 майи соли 2021, №294 “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025”, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии мураббиён ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои шаҳрӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб гардидаанд, инчунин, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бахшида ба таҷлили «Рӯзи омӯзгорон», дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 01.10.2025, №266 “Дар бораи ҳавасмандгардонии мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе” ба 193 нафар мураббиёну омӯзгорони пойтахт, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, бо мукофоти пулӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ барои ҳар кадоме дар ҳаҷми 3000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, ба кормандони соҳаи маориф бахусус собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгорну мураббиёне, ки дар соҳаи маориф фаъолияи бенуқсон доранд ва саҳмашон дар таълиму тарбияи насли наврас ба назар мерасад бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Сипосномаи КВД «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои пулию молӣ тақдим карда шуд.
Чорабинии мазкур бо барномаи бошукуҳи фарҳангии саршор аз суруду таронаҳои дилнишин баҳри ҳозирин, ҳусни анҷом ёфт.