
22 январ дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки ғолибони даври дуюми озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» ва ҳайати ҳакамону масъулини чорабинӣ даври ниҳоии озмун баргузор гардид.
Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим расман ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 20 октябри соли 2025, №657 бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, ташаккули истеъдоду ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеъру сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад.
Баъди ошноӣ бо ҳайати ҳакамони озмун, ки аз шахсиятҳои маъруфу шинохтаи илму фарҳанг ва адабиёту санъати кишвар иборат буданд, довталабон аз рӯйи номинатсияҳои «Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин суруд дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» ҳунару маҳорати худро пешкаши ҳайати ҳакамони озмун гардониданд.
Пагоҳ-23.01.2026 озмун идома ёфта, довталабон аз рӯйи номинатсияҳои «Қироати беҳтрини шеър дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин суруди гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» ҳунару маҳорати хешро нишон хоҳанд дод.
Бояд тазаккур дод, ки дар озмуни имсола дар маҷмуъ 3576 нафар ширкат варзида, аз ин шумора 138 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат ба даст гирифтанд. Ин шумора аз ҳамагонишавии озмун миёни сокинони кишвар маҳсуб ёфта, шумораи умумии иштирокчиён нисбат ба ду соли қаблӣ 2346 нафар зиёд мебошад.












