МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТ ВА ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ»

Санаи 18 апрели соли ҷорӣ дар чорабинии тантанавии омоданамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Пойтахт ғолибони озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» дар соли 2025 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Бояд дарҷ кард, ки сарпарасти бевоситаи озмуни мазкур Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буда, барои ғолибони озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» дар соли 2025 аз рӯйи номинатсияҳои «Қироати шеъри беҳтарин» ва «Эҷоди шеъри беҳтарин» дар васфи Душанбе барои ҷойҳои якум 20 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 15 000 сомонӣ, ҷойҳои сеюм 10 000 сомонӣ ва аз рӯйи номинатсияҳои «Суруди беҳтарин» ва «Беҳтарин суруди гурӯҳӣ» дар васфи шаҳри Душанбе барои ҷойҳои якум 30 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 20 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 10 000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *