МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИИ ҲАФТАИ ИЛМ, ТЕХНОЛОГИЯ, ИННОВАТСИЯ ВА ИХТИРОЪКОРИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 22 майи соли 2026 дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe маросими ҷамъбастии “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” зери унвони «35 соли Истиқлол: ояндаи рақамӣ аз диди наврасону ҷавонон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city), роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, хонандагони болаёқат, шарикони рушд, ширкатҳои IT ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саъдизода Ҷаҳонгир ва муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзод Ҳаким Шамсулло суханронӣ намуда, аҳамияти рушди маорифи муосир, рақамикунонӣ, ташаккули муҳити инноватсионӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба илмҳои дақиқ, технология ва ихтироъкорӣ таъкид карданд. Зикр гардид, ки ин Ҳафта идомаи мантиқии сиёсати илммеҳварона ва маърифатпарваронаи роҳбарияти кишвар ва шаҳри Душанбе буда, барои дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон заминаи муҳим фароҳам меорад.
Тавре таъкид шуд, дар доираи Ҳафта, ки аз 18 то 22 май баргузор гардид, Форуми наврасони асри технология, озмунҳои шаҳрии “Илм ва амал”, “Муҳорибаи роботҳо”, “Омӯзгори муосир”, озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ, экскурсияҳои омӯзишӣ ба муассисаҳои IT ва як қатор барномаҳои дигар баргузор шуданд. Ҳадафи ин чорабиниҳо бедор намудани шавқу рағбат ба илмҳои дақиқу риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, рушди маҳоратҳои рақамӣ ва шинос кардани хонандагон бо муҳити воқеии технологияҳои муосир мебошад.
Дар маросими ҷамъбаст, ғолибони Форум ва озмунҳои шаҳрӣ дар номинатсияҳои “Барномаи компютерӣ”, “Замимаи мобилӣ”, “Web-сомона”, “Робототехника”, “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”, инчунин ғолибони озмуни “Муҳорибаи роботҳо”, “Омӯзгори муосир” ва “Беҳтарин кабинети фанни технологияи иттилоотӣ” бо Диплом, Ҷом, планшет, ноутбук ва туҳфаҳои рамзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, ба 35 нафар омӯзгори беҳтарини фанни технологияҳои иттилоотӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон диплом ва имконияти яксолаи истифодаи шабакаи интернети номаҳдуд эҳдо гардид.
Дар баробари ин, барои ҳамкорӣ ва саҳми арзанда дар ташкили Ҳафта ба шарикон ва сарпарастон – аз ҷумла IT Park Dushanbe, бонкҳо, ширкатҳои миллии алоқа ва операторони мобилӣ, ширкатҳои IT, донишгоҳҳо ва марказҳои омӯзишӣ – Сипосномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе супорида шуд.
Барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатии таълимгирандагони марказҳо ва муассисаҳои тобеи Сарраёсати маориф ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *