ДАР ДУШАНБЕ НАХУСТИН МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ БУҶЕТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРУЪ НАМУД.

Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд. Дар кӯдакистон тамоми шароити мусоид барои кӯдакон муҳайё буда, имкони қабули 100 нафар кӯдакро дорад. Аз шароити фароҳамгардида дар кӯдакистон муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздид намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *