БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

2 октябри соли 2026 дар толори тарабхонаи «Кристалл» бахшида ба Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Мақоми омӯзгор – мақоми созандагии миллат» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, собиқадорони соҳаи маориф, мудирони шуъбаҳои маориф, омӯзгорон, фаъолони соҳа ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо намоиши навор бахшида ба мақому ҷойгоҳи омӯзгор оғоз гардида, зимни он нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас, рушди маърифати ҷомеа ва омода намудани кадрҳои ояндасоз таъкид гардид.

Дар оғози қисми расмии чорабинӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ суханронӣ намуда, омӯзгоронро ба муносибати Рӯзи омӯзгор аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрик намуда, қайд карданд, ки басо рамзист, ки суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос орам: “Омӯзгор шахсест, ки ҷомеа тақдири фарзанди худро бо умеди ояндаи нек ва ба хотири рӯзгори нек сазовор гардидан, ба ӯ месупорад. Ин масъулияти муқаддас тақозо менамояд, ки барои тарбияи насли наврас ғамхору дилсӯз ва ташаббускору эҷодкор бошад, касби хешро сидқан дӯст дорад ва нисбат ба шогирдон меҳру муҳаббат дошта бошад”.

Бо чунин суханон ба мураббиён, омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф бо эътимод ва боварии комил таъкид намуданд, ки шумо ба эътимоди Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда мемонед ва таваҷҷуҳу ғамхории ин Абармарди дунёи сиёсатро арҷгузорӣ менамоед.

Қобили зикр аст, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабро боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин номидаанд.

Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид карданд, ки “Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат халалдор мегардад”.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти сарварии парвардаи мактаби беназири тарбияи фарзанди Пешвои миллат — Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ин раванд бардавом аст.

Бидуни муболиға метавон гуфт, ки бо сарварии муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳилаи сифатан нави рушду такомули пойтахт, аз ҷумла, соҳаи маориф шурӯъ гардидааст. Мо шоҳид ҳастем, ки ба шарофати Раиси ҷавону масъулиятшинос ва қонунмеҳвари шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвари азизамон тамоюли ҷавону ободтар ва хуррамшавиро касб намудааст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо меҳвар қарор додани суханони Пешвои миллат – “Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”, ба дастовардҳои беназир ноил шуданд, ки дар таърихи пойтахти мамлакат собиқа надоранд.

Агар дастовардҳои соҳаи маорифи кишварро тайи солҳои охир мухтасар бозгӯӣ намоем, пас вусъат ёфтани бунёду азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав (гимназия, литсейҳо), ҷорӣ гаштани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, тақвияти равобити муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути Барномаҳои электронии “eDonish” ва барномаи “KUDAK.TJ” аз ҳамон ҷумлаанд.

Ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, роҳандозӣ намудани озмунҳои гуногун, зиёд шудани теъдоди ғолибони олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони болаёқат, баланд бардоштани мақоми аҳли маориф аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ идомаи мантиқии ин раванд аст.

Маврид ба зикри хост аст, дар баробари хонандагон омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки шогирдонашон дар озумунҳо муваффақ мегарданд, ҳамасола ба маблағи аз 10 000 то 13 000 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Баланд бардоштан маҳорати касбӣ ва малакаи педагогии аҳли маориф низ дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе қарор дошта, ҳамасола омӯзгорони шаҳри Душанбе барои такмили ихтисос ба шаҳрҳои Москва, Санкт — Петербурги Федератсияи Россия, шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон, шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар мегардиданд, ки харҷи сафар пурра аз ҳисоби маблағҳои ба ин самт ҷудогардида, амалӣ карда мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола аҳли маориф дар чорабиниҳои гуногун аз ҷумла, бахшида ба “Рӯзи пойтахт”, таҷлили “Рӯзи омӯзгор”, конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи пойтахт, ҷашнҳои давлатӣ бо мукофот ва ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар арафаи таҷлили Рӯзи омӯзгор соли гузашта ба 193 омӯзгору мураббӣ, ки шогирдонашон дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, озмунҳои шаҳрии “Килки сабз”, “Ватанпарвар”, “Доноякон”, “Ахтаракон ҳисобдон”, “Ҷаҳондонӣ аз забондонист” мақомҳои ифтихориро ишғол намуданд 3 000 сомонӣ туҳфа гардида бошад, имсол ин теъдод ба 200 нафар расонида шуд.

Гирандагони Ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе аз 14 нафари соли сипарӣ имсол ба 16 нафар расонида шуд.

Дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамовозӣ ба иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба аҳли маорифи пойтахт ҷиҳати беш аз пеш тавсеа бахшидани фаъолияти худ ва иҷрои рисолати кабӣ вобаста ба тарбияи насли наврас дар руҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба сомон расонидан даъват ба амал меорем.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор омӯзгорону фаъолони соҳаи маорифи пойтахт барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф бо Сипосномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар идома муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Аъзам ва дигар меҳмонони олиқадр тамоми иштирокдоронро ба ин рӯзи муқаддасу пурифтихор табрику муборакбод намуда, ба тамоми омӯзгорон ва собиқадорони соҳаи пурифтихор таманиёти нек намуда, қайд гардид, ки Рӯзи омӯзгор — арҷгузорӣ ба заҳмати созанда, масъулияти бузург ва мақоми волои омӯзгор дар ҷомеа мебошад.

Дар қисмати дигари чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Яке аз бахшҳои муҳими чорабинӣ қадрдонии 50 нафар собиқадори соҳаи маорифи пойтахт буда, ба собиқадорон армуғонҳои идона тақдим гардида, саҳми арзандаи онҳо дар рушди маориф ва тарбияи наслҳои наврас ёдоварӣ карда шуд.

Барномаи идона бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар ва ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» идома ёфт.

Дар рафти чорабинӣ ҳамчунин як қатор кормандони соҳаи маорифи пойтахт бо Сипосномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе қадршиносӣ шуданд.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди эҳтиром ба касби омӯзгор баргузор гардида, бо иҷрои суруди «Решапайванд» аз ҷониби ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» ҷамъбаст гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *