БАРОМАДИ САРДОРИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУНИСИПАЛӢ: ТАҶРИБА, ҲАМКОРӢ ВА ТАБОДУЛИ АНДЕША

23–24 ноябри соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми байналмилалии мунисипалӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Давлатзода иштирок намуд.

Дар ҳайати Тоҷикистон раисони шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Исфара, Панҷакент, Турсунзода, Ҳисор ва Роғун, инчунин намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Дар доираи барномаи форум намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои пленарӣ ва сессияҳои соҳавӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рушди шаҳрҳо ва маҳалҳо, такмили идоракунии маҳаллӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.

24 ноябр дар яке аз сессияҳои пленарӣ таҳти унвони «Забони русӣ ба мақсади ҳамкории байналмилалӣ ва рушди устувор» сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода бо рунамо баромад намуда, таҷрибаи шаҳри Душанбе ва масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи маорифро муаррифӣ кард.

Ҳамзамон, дар сессияи дигари пленарӣ сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Абдураҳимзода суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал, инчунин самтҳои асосии рушди устувори минтақаҳо андешаҳои худро баён намуд.

Дар ҷараёни форум намояндагони Тоҷикистон бо иштирокчиёни чорабинӣ табодули таҷриба ва андеша намуда, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва истифодаи таҷрибаи пешқадамро баррасӣ карданд.

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии мунисипалӣ барои муаррифии таҷрибаи кишвар дар самти рушди маҳал, таҳкими робитаҳои байни мақомоти маҳаллӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Форуми байналмилалии мунисипалӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ, коршиносон ва намояндагони доираҳои касбӣ аз кишварҳои гуногун ҷамъбаст гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *