Тибқи барномаи тасдиқгардидаи Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior — 2022» имрӯз дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ключевые компетенции цифровой грамотности и сеть школьных IT клубов” бо иштироки Президенти Мактаби байналмилалии информатикаи наврасон — Кирюхин Владимир Михайлович, Цветкова Марина Серафимовна – дотсент, профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия, директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони дастаҳои Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» ташкил ва баргузор гардид.Зимни баргузории семинари мазкур Президенти Мактаби байналмилалии информатикаи наврасон — Кирюхин Владимир Михайлович вобаста ба қисмҳои асосии мавзуи «Асосҳои салоҳияти саводнокии рақамӣ ва шабакаи мактабии IT клубҳо» ибрози андеша намуд.Дар раванди семинар таъкид гардид, ки саводнокии рақамӣ дар фаъолиятҳои универсалии омӯзишӣ ва натиҷаҳои мета-мавзӯъ, ки ниёзҳои ҳаёти муосирро дар ҷаҳони рақамӣ дар сатҳҳо инъикос мекунад.Инчунин дар идомаи семинарии мазкур Цветкова Марина Серафимовна – дотсент, профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия атрофи мавзӯи «Асосҳои салоҳияти саводнокии рақамӣ ва шабакаи мактабии IT клубҳо» суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки “Саводнокии асосии рақамӣ ва иртиботи иттилоотӣ барои ҳама шаҳрвандон ҳатмӣ ба шумор меравад.Дар фарҷоми семинар аз ҷониби директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе атрофи асосҳои салоҳияти саводнокии рақамӣ пешниҳоду мулоҳизаҳо доир гардид.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»