29-уми июли соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.Нахуст, тибқи рӯзнома гузориши Д.Сафарзода-сардори раёсати сохтмони асосӣ вобаста ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода (аз 17.04.2019), гузориши Н.Зайниддинзода-директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ оид ба тасдиқи як қатор стандарту барнома ва додани иҷозат барои чопи китобҳои дарсӣ ва гузориши Р.Мирзозода-директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ оид ба тасдиқи стандартҳои таълимии тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ шунида шуд.Баъд аз ироаи гузоришҳо ва баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм Р.Саидзода ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, назорати рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳо бо асбобу анҷоми хониш, татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатӣ, захираи кофии маводи озуқа ва сӯзишворӣ ва дар ин замина, истифодаи самараноки заминҳои наздимуассисавию ёрирасон ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.Дар охир, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»