Бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шуъбаи маорифи ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия ва падару модарон дар заминаи Иттиҳодияи истеҳсолии “Нассоҷии тоҷик” намоиши либоси мактабӣ баргузор шуд. Дар кори он масъулин доир ба шароити истеҳсолот, сифати маҳсулоти ватанӣ ва андозаву арзиши либоси ягонаи мактабӣ маълумот доданд.Гуфта мешавад, ки хариди сару либоси ягонаи мактабӣ аз корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳри Душанбе барои рушди саноати пойтахт, таъсис ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар гардидани шароити кору зиндагии мутахассисони корхонаҳои мазкур заминаи мусоид фароҳам менамояд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»