Дар толори калони маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон бо ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид. Дар мулоқот Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва директори Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар чорабинии мазкур ғолибони озмун бо се забон суханронӣ намуда, аз роҳбарияти олии кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосмандӣ намуданд. Дар охир аз ҷониби Раиси Кумита ба 25 нафар иштирокчии чорабинӣ сипоснома тақдим карда шуд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»