БАРГУЗОРИИ КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗӢ

Аз 2 то 16 сентябри соли 2022 тибқи Нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои махсус барои солҳои 2022 дар марҳилаи якум барои омӯзгорони фанҳои таърих ва ҳуқуқ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидои ҳарбӣ, суруд ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, дар заминаи филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки шумораи умумии шунавандагони курсҳо 100 нафарро ташкил мекард.Оид ба баланд бардоштани такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва пурсамар гузаронидани курсҳо дар ҳамкори байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои 12-рӯзаи такмили ихтисос барои омӯзгорон аз ҷониби профессорону омӯзгорони муассисаҳои номбурда гузаронида шуд. Дар курс профессор Маҷидова Бибиҳафиза, Саидаҳмадзода Дилором, — номзади илмҳои педагогӣ, директори Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, Маҳмудов Давлатшоҳ — омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ; лекторон Шукуров Рустам омӯзгори ДМТ, Девоншоева Тутихон омӯзгори калони МДДҶТИБКСМ Гулямова Сакина сармураббияи кӯдакистони № 59-и ноҳияи И. Сомонӣ, Одинаева Нозигул директори кӯдакистони хусусии ҶДММ “Нури Шамс” ва Қурбонова Гулру дотсент, номзади илмҳои педагогии ДДОТ тавонистанд, ба шунавандагон оид ба усулҳои фаъоли таълим машғулиятҳо, гузаронанд.Боиси тазаккур аст, ки ташкили чунин омӯзишҳо барои такмили ихтисоси омӯзгорон манфиатбахш буда, малакаю маҳорати онҳоро барои истифодаи усулҳои нави таълим, ба хусус воситаҳои техникӣ ва сарчашмаҳои интернетӣ баланд мебардорад.Боиси тазаккур аст, ки омӯзгорон сараввал аз рӯи тахассус бо истифода тариқи тестӣ лоиҳаи эҷодӣ, ки таҳия мекунанд, рунамоӣ менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *