ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва шуъбаи маорифи ноҳия бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 чорабинии фарҳангиву фароғатӣ бо тантана доир гардид.Чорабиниро раиси ноҳия Самӣ Шариф ифтитоҳ намуда, аҳли маорифи ноҳия ва омӯзгоронро ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ табрику шодбош гуфта, ҷиҳати саҳми арзандаи онҳо дар рушду пешрафти соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим изҳори сипос намуд.Дар фарҷоми чорабинӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди маорифи миллӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва беҳбуди сатҳи таълим як қатор собиқадорону омӯзгорони фаъол ва гирандагони аттестати аъло ва медали тилло бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *