АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР…

“Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.

Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми табрикотии сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур бахшида ба Рўзи омўзгорон

Устодон ва омўзгорони азиз!

Боиси хушнудист, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар кишвари азизамон, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия Рўзи омўзгорон таҷлил мегардад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро ҳамеша аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ қарор дода, барои татбиқи амалии он ва таъмин намудани шароити ҳарчи беҳтар барои омӯзгорон ва наслҳои наврас ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи ҳамешагист, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз ва сол ба сол ҷойгоҳу мақоми хоссаро касб мекунад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти омӯзгорон фазои наву мустақилият ворид гашт ва дар тарбияи насли оянда ва ба воя расонидани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар нақши омӯзгор бениҳоят бузург мебошад.Қабулу мавриди иҷроиш қарор гирифтани қонунҳои соҳавӣ, барномаҳои давлатӣ, стандартҳо барои ҳамагуна зинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ҳавасмандгардонии онҳо дар робита бо ҳамкориҳои судманди падару модар ва ҷомеа, қадршиносии онҳо бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ аз ҷумлаи ташаббусҳоеанд, ки бо мақсади дастгирии маънавию моддии омӯзгорон ва беҳтар шудани шароити кории онҳо нигаронида шудаанд.Дар фарҳанги мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ ба омӯзиши илму дониш ва арҷгузориву эҳтироми устоду омӯзгор аз куҳан мавқеи хоса дошта, нақши омӯзгор дар радифи намояндагони дигар касбу пешаҳо барои то ба имрӯзу ин сатҳ расидани миллати тоҷик басо бузург буда, ояндаи неки ҷомеа ба пешравӣ ва рушду такомули соҳаи маориф пайванди ногусастание дорад.Қайд намудан бамаврид аст, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи маорифи пойтахт ва ба ҳаёту фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, вобаста ба дастовардҳои назаррас дар таълиму тарбияи насли наврас, иштироки фаъолона дар озмунҳои касбӣ ва дигар чорабиниҳои маданию тарбиявӣ қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии молиявии омӯзгорон иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ менамоянд.Бори дигар Шумо устодон ва омўзгорони гиромӣ, ки заҳмату талоши Шумо равшангари имрӯз ва ояндаи ҳар яки мост, ба муносибати Иди касбӣ – Рўзи омўзгорон самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо тамоми хӯшиҳои рӯзгор ва дастовардҳои бештари эҷодиро таманно дорам.

Ид муборак, устодону омӯзгорони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *