Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бинои Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода” оғоз гардид.Президенти мамлакат иншооти навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таълимӣ дар он шинос шуданд.Муассисаи таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳрор Солиев бунёд гардидааст.Бинои мактаб аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 16 синфхона бо 400 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави соҳаи маориф 48 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд, ки аз ин 25 нафарашон омӯзгорони ботаҷриба мебошанд.Дар ошёнаи якуми бинои мактаб синфхонаи компютерӣ, маҳфили эҷодӣ ва 2 синфхонаи таълимӣ ҷойгир буда, 6 синфхонаи дигар дар ошёнаи дуюм мавҷуд аст. Китобхона ва синфхонаи шоҳмот дар ошёнаи сеюм ҷойгир мебошад.Аз рӯи лоиҳа дар таҳхонаи бино ошхона барои 80 нафар, толори варзиш, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраи омӯзгорон сохта шуда, барои алоқамандони варзиш тенниси рӯйи миз гузошта шудааст.Таҳсил дар муассисаи навбунёд бо забони тоҷикӣ ва русиву англисӣ ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, дар доираи эълон шудани солҳои 2020-2040-“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.Дар ҳудуди мактаб майдончаи бозии футбол бунёд гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ шароити мусоид фароҳам мебошад.