САНҶИШИ НАТИҶАИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ

бо мақсади санҷиши рафти иҷрои дастуру супоришҳои вазири маориф ва илм муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода аз муассисаи таҳсилоти томактабии №134 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсӣ дидан намуд.Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 13-уми октябри соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Саидзода аз муассисаҳои мазкур дидан намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида як ҳафта муҳлат муайян намуда буд. Бинобар сабаби дар муҳлати муқарраргардида бартараф нагардидани камбудиҳо мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №134 аз вазифа озод ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 ба вазифаи дигар гузаронида шуданд.Санҷиши навбатӣ муайян намуд, ки бо вуҷуди иваз намудани роҳбарони муассисаҳо ҳанӯз ҳам баъзе камбудиҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 ҷой доранд. Аз ҷумла, ҳанӯз ҳам дар саҳни муассиса нигаҳдорӣ шудани қутиҳои партов, бартараф нагардидани шишаҳои шикастаи тирезаҳо, норасоии ҷойи нишаст ва дар як синф якҷо дарс гузаштани ду нафар омӯзгор ба хонандагон аз ҷумлаи камбудиҳое буд, ки дар рафти боздиди муовини вазир аз муассиса ба мушоҳида расиданд.Бори дигар ба роҳбарони муассисаҳои таълимии болозикр ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *