Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Кохи Суруши пойтахт, маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дигар вазорату идораҳо, ғолибону иштирокчиёни фаъоли даври шаҳрӣ, омӯзгорону волидайни ғолибон иштирок намуданд.Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода баромад намуда, иброз доштанд, киҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илму маориф ва фарҳангро, ки рукни муҳими рушду инкишофи ҷомеа маҳсуб меёбад, дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 феврали соли 2022 эълон гардида, даври шаҳрии он дар пойтахт дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2022, аз санаи 17 то 27 октябри соли 2022 баргузор карда шуд.Мавриди тазаккур аст, ки довталабони озмун тўли 10 рўз аз рўйи 5 номинатсия дар бахшҳои алоҳида донишу маҳорати худро дар доираи адабиёти мутолиакардаашон тибқи руйхати тавсиягардида пешкаш намуда, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорон, ходимони илм, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ байни ҳам сабқат намуданд.Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба як қатор нафароне, ки дар ташкилу баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” саҳм гузоштаанд, бо сипоснома ва мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.Дар охир баҳри болидахотирии иштирокчиён ва меҳмонон, барномаи фарҳангии лабрез аз тараннуми ватану меҳан, ишқу муҳаббат ва садоқат ба ватан пешкаш гардид.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»