СЕМИНАРИ ИЛМӢ – АМАЛӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ХИМИЯ

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 — “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо мақсади такмили дониши омӯзгорони фанни химия, расонидани кӯмакҳои методӣ ва баланд бардоштани маҳорат ва малакаи омӯзгорон бо роҳи гузаронидани таҷрибаҳои намоишӣ дар асоси фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз санаи 19 марти соли 2021, №26/9 дар давраи таътили баҳорӣ семинари илмӣ-амалӣ барои 150 нафар омӯзгорони фанни химияи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” оғоз гардид.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунии раванди ислоҳоти соҳаи маориф бо мақсади танзими идоракунӣ, навгонии муттасил, ҷиҳати ворид шудан ба фазои таҳсилоти ягонаи ҷаҳонӣ ва аз худ намудани илмҳои муосир ҳамасола санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, базаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ пурзӯр гардида истодаанд. Бо ин мақсад дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муассисаҳои таълимии пойтахт реагентҳои химиявӣ барои гузаронидани таҷрибаҳои лабораторӣ дастрас карда шуд, ки барои боз ҳам беҳтаршавии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Инчунин дар ин раванд аз ҷониби омӯзгорони Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” дастурҳои таълимӣ барои омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҳамасола таҳия карда мешаванд. Аз ҷониби омӯзгорони Муассиса “Дастури методӣ барои гузаронидани корҳои лабораторӣ аз фанни химия” таҳия карда шуда, ба муассисаҳои таълимии пойтахт дастрас карда шуданд, ки дар асоси он омӯзгорони фанни химия метавонанд таҷрибаҳои лабораториро бемамоният дар муассисаҳои таълимӣ иҷро намоянд.
Боиси тазаккур аст, ки семинари илмӣ-амалии мазкур аз ҷониби мутахассисони Муассиса аз санаи 23 то 27 марти соли ҷорӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардида давом меёбад. Дар раванди семинар ба омӯзгорони фанни химияи пойтахт оид ба қоидаҳои техникаи бехатарии нигоҳдошти моддаҳои химиявӣ ва нозукиҳои ташкили таҷрибаҳои лабораторӣ аз ҷумла кор бо моддаҳои зудоташгиранда, намудҳои асосии реаксияҳои химиявӣ, тайёр кардани маҳлули консентратсияаш молярӣ, нормалӣ ва маълум аз фиксонал, усулҳои умумии кор бо газҳо, кор бо металҳои ишқорӣ ва ишқорзаминӣ, кор бо карбогидридҳои ҳаднок ва беҳад корбарӣ карда мешаванд.