БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ СУДМАНД..

26 марти соли 2021 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100-и ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Л.Қ., кормандони мақомоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо кормандони масъули Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Душанбе новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Дар оғоз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Латофат Қаҳҳор баромад намуда, Исмоилзода Баҳромро бо сабаби ба вазифаи сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахтро барои аз нав таъин шуданашон табрик намуда, ба онҳо барои хизмати содиқона намудан ва дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо орзу намуд.
Сипас, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур вобаста ба иҷрои “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар давраи солҳои 2019-2020 баромад намуда, зикр намуданд, ки миёни омўзгорону хонандагон ва падару модарон барои пешгирӣ аз ҳолатҳои характери коррупсионидошта ва бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои машваратӣ, суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баргузор гардида, мунтазам корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ идома доранд.
Сарнозири шуъбаи пешгирии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Носири Алишер Қаҳҳор дар баромади худ вобаста Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат дар самти муқовимат ба коррупсия зикр доштанд, ки баҳри бартараф намудани бархурди манфиатҳо ва тақвият бахшидан ба раванди муқовимат ба коррупсия, пешгирии ҳолатҳои хароҷоти ғайриқонунии маблағҳо ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди коррупсия ба вуҷуд овардани маданияти ҳуқуқии кормандони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, инчунин пешгирии қонунвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз ҷониби кормандон, таъмин намудани шаффофияти фаъолияти муассисаҳо ва ба қонунгузории зиддикоррупсионӣ мувофиқ гардонидани ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиву тарғиботӣ бурда мешавад.
Дар идома сардори Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Хайров Фирдавс вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавононро дар шаҳри Душанбе таҳлил намуданд. Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонон, аз ҷумла ноболиғону хонандагони муассисаҳои таълимӣ мусоидаткунанда, пешгирӣ намудан аз муноқиша ва авбошиҳои гурўҳии байниҳамдигарӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз силоҳи сард, истифодаи ваколатҳои омўзгорон ва кулли кормандони соҳаи маориф ҳамчун, табақаи пешсафи ҷомеа дар бунёди муҳити ҷомеаи солим нисбат ба амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ҳарф зад.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ муовини сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Наврӯзов Ҳамза Аҳрорович ва корманди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе Юсупов Сулаймон вобаста ба масъалаҳои дахлдор, суханронӣ намуданд.