Соли 2023 дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 312 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 68 ҳазору 138 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Чунин иттилоъ дод 1 август Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 30 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди 4 муассисаи таълимӣ барои 8632 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи Вазорати маориф ва илми мамлакат сохтмони 16 иншоот гузошта шудааст.
«То ин давра аз ин шумора дар 5 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар 10 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, лоиҳакашии 1 иншоот соли равон ба нақша гирифта шудааст», -гуфт Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»