БОЗДИДИ САРДОРИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР АЗ КВД “ШАҲРИ ҲУШМАНД (Smart City)”-и МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ Кучарзода Ҳусния, Фирдавсӣ Раҷабзода Дилафрӯз, Сино Давлатзода Насимҷон, Шоҳмансур Мусоҷонзода Ҷамила ва директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Каримзода Шавкат аз Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе “Барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” амалӣ гашта истодааст.Барномаи мазкур, шуруъ аз соли таҳсили 2022-2023 дар 105 муассисаи таълимии пойтахт пурра роҳандозӣ карда шуда, татбиқи барномаи электронии “eDonish” яке аз воситаҳои муассир барои таҳким ва таъмини устувории робитаи оила бо муассисаҳои таълимӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, барнома дорои унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши хонандагон аз фанҳои таълимӣ мебошад.Баҳри татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таълимӣ пурра шабакаи ягонаи иттилооти маҳаллӣ бунёд карда шуда, ҳар як синфхонаи таълимӣ ба шабакаи Интернет пайваст гардид. Ин имкон фароҳам овардааст, ки синфхонаҳои таълимӣ бо компютерҳои муосир таъмин карда шуда, ҳар омӯзгор бевосита бо мақсадҳои таълимӣ аз шабакаи Интернет васеъ истифода намояд.Бо мақсади огоҳонӣ аз омаду рафти хонандагон камераҳои назоратии “Face ID” бо хусусияти шиносоии қиёфа насб карда шудааст, ки аз рӯи расмҳои пешакӣ ба система воридкардашуда чеҳра ба таври худкор шиносоӣ гардида, лаҳзаи ба муассисаи таълимӣ ворид гардидану аз он баромадани ҳар як хонандаро сабт шуда, паёмак фиристода мешавад.Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имкониятҳои утоқи шахсии барномаи электронии “eDonish” намоиш дода шуд. Дар анҷом ба масъулин логин ва рамз супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *