БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ САРДОРИ САРРАЁСАТИ МАОРИФ

Дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдоди назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид.Дар маҷлиси назоратӣ масъалаҳои захираи маводҳои хӯрока дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва муассисаҳои типи мактаб-интернатҳо, таъмини сару либоси зимистонаи тарбиятгирандагон, назорати ҳолати бо гармӣ таъмин будани муассисаҳои таълимӣ, омода намудани хонандагон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ, назорати давомоти хонандагон, омӯхтани луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ки 400 калимаро дар бар мегирад, дар сатҳи баланди омодагӣ гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуд.Ба мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ шиору овезаҳои мувофиқ ба мазмуну моҳияи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро насб намуда, бо иштироки тарбиягирандагону хонандагон маҳфилҳо ва озмунҳои маърифатиро ташкилу баргузор намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *