Низоми таълими анъанавӣ, ки солҳои зиёд дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҷорист, дар замони худ тавонист мутахассисони тамоми соҳаҳои ҳаётро ба шоҳроҳи бунёдкориву созандагӣ роҳнамун созад.
Имрӯз пешрафти ҳаёт ва рушди техникаю технология назди мо, маорифчиён, вазифа мегузорад, ки муносибатамонро ба таълим ва омӯзиш дигар намоем.
Дар низоми таълими анъанавӣ аввал назария ва баъд амалия таълим дода мешавад. Таълими салоҳиятнок шакли нави таълимест, ки аввал амалия ва баъд таълими назарияро ба роҳ мемонад.
Тобистони соли 2017 омӯз-горони забони тоҷикӣ, математика ва технология (таълими меҳнат) дар шаҳри Душанбе аз курси омӯзиши муносибати салоҳиятнок ба таълим гузаштанд. Дар марҳилаи дуюм чунин курс дар ду давра дар мактаби №14 гузаронида шуд. Дар моҳи январи соли ҷорӣ омӯзиш дар се марҳила аз фанҳои химия, биология, физика, география ва технологияи иттилоотӣ гузаронида шуд. Мутобиқан марҳилаи сеюми омӯзиши салоҳиятнокӣ бояд дар тамоми муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби он тренероне, ки дар марҳилаи якуму дуюм соҳиби сертификат шуда буданд, таълим дода мешуд.
Аммо оё марҳилаи сеюми омӯзиш дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи мо аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика ва технология (таълими меҳнат) пурра амалӣ гашт? Ин саволест, ки ҷавоби он ба сатҳи масъулиятшиносии сарварони муассисаҳои таълимӣ вобаста аст.
Мутобиқи нақшаи пешбинишудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли нави хониши 2017-2018 барои омӯзгорони фанҳои забони тоҷикӣ, математика, технология (таълими меҳнат) ба шуъбаи маорифи ноҳия «Роҳнамо»-ҳои фаннӣ дастрас ва дар тамоми мактабҳо тақсим карда шуданд. Мутаассифона, баъзе аз «Роҳнамо»-ҳо барои қисме аз фанҳо нарасиданд. Пас, зарур аст, ки сарварони муассисаҳои таълимӣ норасоии «Роҳнамо»-ҳоро муайян кунанд ва ин мушкилот бо дастгирии шуъбаи маориф сари вақт бартараф шавад, чунки омӯзгоре, ки «Роҳнамо» надорад, аз уҳдаи ташкили дарси салоҳиятнокӣ баромада наметавонад.
Бояд гуфт, ки нақшаи тақвимӣ-мавзӯии фаннӣ аз забони тоҷикӣ барои синфҳои 5-11 камбудиҳои зиёд дорад. Масалан, дар барномаи тақвимии синфи 5 аз 102 мавзӯи дарсӣ 4 соат, аз 12 диктанти дар стандарти давлати муайян ва пешниҳодгардида 9 диктант намерасад. Бинобар ин, дар робита ва ҳамкорӣ бо таҳиягарони барномаи таълими салоҳиятнокӣ мо семинар гузаронида, камбудиҳоро дар якҷоягӣ бо омӯзгорони ин фан муҳокима ва ислоҳ намудем.
Мушкилоти дигар муносибати муаллимон бо «Роҳнамо» мебошад. «Роҳнамо» моли хусусии омӯзгор набуда, моли китобхонаи мактаб аст ва тозаву озода нигоҳ доштани он вазифаи ҷонии омӯзгор аст, чунки чопи такрории он дар назар нест ва шояд, ки 5-7 сол бо ин дастурҳо кор кардани омӯзгорон зарур ояд. Бо вуҷуди ин, ман қаноатманд аз онам, ки рафти озмоиш ва татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои забони тоҷикӣ ва математика дар муассисаҳои таълимии ноҳия бомаром пеш меравад. Аз зангҳои телефоние, ки ба мо мерасанд, аз саволу ҷавобе, ки омӯзгорон дар вохӯриҳо бо мо радду бадал мекунанд, ба хулоса омадан мумкин аст, ки муаллими имрӯза пайи омӯзиши навгониҳои соҳаи маориф ва таълими босалоҳият буда, кӯшиши онро дорад, ки дар ҳалли «Стратегияи рушди маориф барои солҳои 2012-2020» ҳиссагузор бошад.
Каримхон ЯҚУБОВ,