Орзуву омоли аҳли башар аз қадим зиндагии ободу осоишта, дӯстонаву бародарона ва орӣ аз кинаву адоват будааст. Ҳамагон имон бар он доштанд, маҳз арҷгузорӣ ва арзишҳои олии башарӣ, риояи одоби ҳамида, дасти ҳам гирифтану мададгори якдигар будан, муоширати шоиста… зиндагиро шукӯҳманду гуворо ва пурсаодат мекунад.
Ҳусни тафоҳум ва якдилӣ бун-ёди ҳаёти осоишта шинохта мешуд. Андарзномаи безаволи ниёгони хирадсолору барӯманди тоҷик ин ҳама хисоли накуро пайваста тарғибу гӯшзад мекунад, ки ин ду намуна аз он аст:
Ҳар кӣ ӯ бо дӯстон якдил бувад,
Ҷумла мақсуди дилаш ҳосил бувад.
***
Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,
Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.
Дар ҳақиқат, барои инсонҳо беҳтарин давлате ба ҷуз амнияту сулҳу осоиштагӣ нест. Ин нукта дар маҷрои ҳодисаҳои таърих борҳо собит шудааст. Дар ҳама айём хушбахтию рушду саодатмандӣ насиби он кишвару манзилу маконе шуда, ки сокинонаш аҳлонаю бародарона, дур аз кинаву адоват зистаанд. Халқи тоҷик дар дарозои таърих борҳо ба таҷовузу истилою тохтутози аҷнабиён бархӯрда, ба нокомиҳои зиёде мувоҷеҳ гаштааст. Ҳаводиси пурфоҷеаи солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон (ҷанги дохилӣ) ба сари аҳли ҷумҳурӣ нокомиҳою маҳрумиятҳои зиёде оварданд. Хушбахтона, халқи табиатан сулҳгарои мо ин марҳилаи пурихтилофу миллаткушро бо роҳбарии сиёсатмадори барҷаста, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳаммулгароию иродатмандӣ паси сар карда, аз вартаи нобудшавӣ берун ҷаст. Ба қавли шоири дардошнои миллат Лоиқ Шералӣ, «Ҷанги девонавори мо бигзашт, Сулҳи деринтизори мо омад». Оре, мо ба даврони сулҳу осоиштагӣ расидем, вале он ҳама даргириҳову сӯзандагиҳо акнун ҳар дам ҳушдорамон медиҳанд, ки ҳамеша пайи ҳифзи амнияти Ватани маҳбуби хеш ҳушёру бедор бошем, ба қадри рӯзгорони осоиштаву сулҳоро бирасем, дастовардҳои миллатамонро ҳифз намоем, ба созандагию бунёдкорӣ гаравем, аз ҳама гуна андешаву қасду аъмоли нопоку ғаразмандона худрову диёрамонро муҳофизат бикунем.
Ҷои баҳс нест, ки тамоми мардумони одию заҳматкаши ҷаҳон тарафдори зиндагии осоишта ва тантанаи ҳамешагии амният дар саросари сайёра мебошанд. Вале мутаассифона, ҷаҳони муосири моро бо талошу кӯшишҳои пурғаразу манфиатҷӯёнаи баъзе гурӯҳҳои нобакор ва ашхоси манфур дуди ғализи ихтилофҳо фаро гирифтааст. Замини нозанини моро дастаҳои мусаллаҳи бадаъмол дар нуқтаҳои гуногун ба арсаи ҷангу ҷидол ва мухолифатҳои шадид табдил дода, худ ком бардоштан мехоҳанд. Ин ҳадафи барои тамоми сокинони сайёра пурхатару фоҷеафарҷом аст. Сухан дар бораи амалиётҳои террористӣ ва ифротгароёна дар минтақаҳои мухталифи дунё меравад, ки солҳои охир бештар фаъол гаштаву доман паҳн мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки табиатан сулҳгарою амниятхоҳанд, пайваста бар зидди ифротгароёну хурофотпарастон аз минбарҳои баланд садо баланд мекунанд ва ҳамагонро ба мубориза бар зидди дастаҳои хиёнаткору мардумозор даъват менамоянд, амалу ҳадафҳои нопоку пурғарази онҳоро фош мекунанд. Суханони зерини Пешвои миллат ҳамаи моро ба андеша кардан, ба ҳушёру бедор будан ҳидоят месозанд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Талошҳои Сарвари кишвари мо дар роҳи маҳкум кардани ифротгароён ва мубориза бар зидди неруҳои террористӣ доираи васеъ доранд ва берун аз ҳудуи ҷумҳурӣ низ идома меёбанд. Пешвои муаззами миллатамон борҳо бар зидди гурӯҳҳои тахрибкори террористӣ аз минбарҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, аз минбари СММ суханронӣ карда, таъкид намуданд, ки мубориза бар зидди гурӯҳҳову неруҳои тундгаро ва тахрибкор азму иродаи аҳлонаро тақозо дорад. Агар пеши роҳи ин «вабо» гирифта нашавад, фардо инсоният ба фоҷеаи мудҳиш гирифтор хоҳад шуд. Хеле ташвишовар аст, ки имрӯз зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар ашколи гуногун арзи ҳастӣ мекунанд, чун терроризм, экстремизм, терроризми байналмилалӣ, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, пайравӣ ба арзишҳои бегона, маҳалгароӣ, иғвогарӣ…
Дар бораи тинати нопоку омоли хатарбори ин ҳама гурӯҳҳои зиддибашарӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки аввали моҳи май таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, хеле батафсил ва саҳеҳу пурдалел суханронӣ карда, махсус таъкид намуданд, ки «таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб мераванд». Мувофиқи далелҳои овардаи Сарвари кишварамон танҳо дар қаламрави давлати ҳамсояамон – Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. 32 фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд.
Имрӯз вусъатёбии амалиёти пурзиёни гурӯҳҳои террористиву тундгаро, чун ба ном «Давлати исломӣ», «Алқоида», «Толибон» ва монанди инҳо боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Чандест, ки сафи террористонро неруи дигари тахрибкору хурофотӣ – Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон афзунтар кардааст. Ин созмони хатарзо дар кишвари мо амалиёти зиёди зиёноварро анҷом дода, ба таҳдиду куштор ва таъқибу озор машғул шуда, оқибат фош гардиду як зумра хоҷагонаш рӯ ба фирор оварданд. Акнун ин гирифторони нафрату лаънати аҳли Ватан бо пулу сармояи бегонагони ҳаммаслаки худ амал менамоянд ва хиёнат ба Ватан, ба халқу миллат шиорашон гашта. Аммо ҳеҷ шаку шубҳае нест, ки фаъолияти онҳо дер намекашад, зеро ба қавли маъруф, «бори каҷ ба манзил намерасад». Бузургонамон ҳушдор додаанд:
Роҳро бад марав, ки бад афтӣ,
Чоҳ дар роҳ макан, ки худ афтӣ.
Табиист, ки кулли ифротгароён нафратзадагонанд ва аҳли сайёра, ҷомеаи солимфикру сулҳпарвар онҳоро пайваста маҳкум мекунанд. Дар оянда бояд сафи тамоми гурӯҳҳои тахрибкор марҳила ба марҳила коҳиш дода, тадриҷан ба нестӣ расонда шавад. Барои ин роҳҳои гуногуни муқовимат ва муборизаро муайян кардаанд. Дар ин миён муҳимтарин, самаровартарин роҳи мубориза бар зидди ифротиён ва бадниҳодон тақвият бахшидани тарбияи ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон аст. Ватандӯстӣ ҳисси воло ва неруи тавоност ва оне, ки Ватанро самимона дӯст медорад, ҳаргиз ба хиёнат рӯ намеорад, бар зидди Ватан амале содир намекунад, бонангу номус мешавад.
Созмону ташкилотҳои террористию ифротгаро имрӯз дар тарғиби ғояҳою ҳадафҳои нопоки худ аз василаҳои гуногун истифода мебаранд ва пеш аз ҳама, олуда кардани мафкураи ҷавононро ҳадаф қарор додаанд. Онҳо аз ноогаҳӣ, камтаҷрибагӣ калавиш ва ноустувории гурӯҳе аз ҷавонон истифода бурдан мехоҳанд. Дар ин самт яке аз силоҳҳои асосии ифротиён шабакаи Интернет мебошад. Бо назардошти ин, мо бояд бештар ҳамкорӣ дошта бошем ва таълиму тарбияи ҷавононро пурсамартар ба роҳ монем, онҳоро сари вақт аз аслу тинати зишти террористон, ифротгароён, хурофотиён ба таври муассир огоҳ намоем. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, ки чун ҳар мактаби олӣ маъвои ҷавонон аст, ба ин ҳама масоили умдаи рӯз таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Бисёр хушнуду қаноатмандем, ки шогирдони мо худогоҳу ватандӯст ва баору номусанд. Ба равандҳои ҷаҳонӣ, аъмоли махуф ва ҳадафҳои пурзиёни гурӯҳҳои тундгарою ифротгар хуб сарфаҳм мераванд. Албатта, ин пайомади тарбияи дурусту фарогири онҳо дар донишкада аз ҷониби устодони варзида мебошад. Бояд гуфт, ки варзишгарон табиатан ашхоси ватандӯсту миллатпарастанд ва ҳама фикру зикрашон ба ҳимояи шаъну шарафи Ватан нигаронида шудааст. Боло бардоштани парчами кишвар ҳадафи ҳамешагии онҳост. Аз ин рӯ, бо қатъияти том метавон гуфт, ки аз варзишгар ҳаргиз хиёнаткор, террорист, ифротиву тахрибкор намебарояд. Варзишгарон ҳамеша дар сафи пеш ҳомиёни манфиатҳои Ватан ва ҳомиёни амнияти он қарор доранд ва ин мавқеашон тағйирнопазиру устувору қатъист.
Шодӣ САФАРОВ,