
12 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Рӯзҳои робототехника, технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва информатика баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Агентии федералии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ҳамватанони муқими хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона (Россотрудничество) ва Донишгоҳи давлатии Астрахан ба номи В.Н. Татишев ташкил шудааст.
Дар расми ифтитоҳи ботантана намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Россотрудничество, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, омӯзгорон ва хонандагони фанҳои физика, математика ва информатикаи муассисаҳои таълимии пойтахт ширкат варзиданд.
Дар саҳни донишгоҳ намоишгоҳи дастовардҳои инноватсионии омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони Литсейи инноватсионии “Душанбе” баргузор гардид, ки таваҷҷуҳи меҳмононро ҷалб намуд.
Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур зимни суханронӣ иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкориҳои соҳаи маорифи пойтахт бо муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия, мубодилаи таҷриба ва рушди истифодаи технологияҳои рақамӣ мусоидат мекунад.
Барномаи Рӯзҳои робототехника дарсҳои интенсивии таълимӣ барои хонандагони синфҳои 5–11 ва модули такмили ихтисос барои омӯзгоронро дар бар мегирад. Пас аз анҷоми барнома, хонандагон бо сертификат ва омӯзгорон бо шаҳодатномаҳои такмили ихтисос мувофиқи стандарти Федератсияи Русия сарфароз мегарданд.












