Имрўзҳо амалҳои террористию экстремистӣ, ки ҷаҳони имрӯзаро ба ташвиш овардааст, яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Гурўҳҳои терористӣ бо мақсади ба сари қудрат омадан, мехоҳанд зиндагии осоишта мардумро халалдор созанд, аз номи шариату дини мубини Ислом сухан гуфта, диққати мардумро ба худ ҷалб намоянд ва бо ин роҳ худро “ҳақшиносу ҳақҷў” вонамуд созанд.
Ин гурӯҳ ашхос бештар нафаронеро, ки чандон дониши хубу ҷаҳонбинии васеъ надоранд, ба доми фиреби худ мекашанд. Яъне бештар ба наврасону ҷавонон, ки таҷрибаи хуби зиндагӣ надоранду дар ҳалли бисёр мушкилиҳо ба дастгирию кўмаки калонсолон ниёз доранд, рӯй меоваранд.
Пас чи бояд кард, ки пеши роҳи наврасону ҷавононро аз шомил шудан ба гурўҳҳои террористию экстремистӣ, ки оқибатҳои хеле вазнину нанговар дорад, бигирем? Ба андешаи банда ҷавоби ин савол пеш аз ҳама ба фаъолияти падару модар ва омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ вобастагии зич дорад. Агар падару модарони гиромӣ ва омўзгорони азиз пайваста аз рафтору кирдори наврасону ҷавонон огоҳ бошанду ба таълиму тарбияи онҳо диққати ҷиддӣ диҳанд ва нагузоранд, ки ягон лаҳзаи ҳаёташон бемақсаду бефоида гузарад, метавонанд пеши роҳи ҳама гуна каҷравиҳои фарзандонро бигиранд. Яъне, танҳо бо роҳи тарбияи дурусти наврасону ҷавонон мо метавонем ашхоси соҳибилму соҳибҳҳунарро ба воя расонида, баҳри зиндагии орому осуда ва пурфайзу баракати онҳо мусоидат намоем.
Хушбахтона, ба шарофати таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар пешрафту равнақи соҳаи маориф иқдомҳои судманде рӯйи кор омаданд. Зери сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дарқатори баланд гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, шароити касбу ҳунаромўзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ низ хеле боло рафта, дар тарбияи насли навраси кишвар ва омўзонидани касбу ҳунарҳои мухталиф ба онҳо нақши боризе гузошта истодааст.
Боиси сарфарозист, ки имрўзҳо дар саросари мамлакат марказҳои таҳсилоти иловагӣ амал менамоянд ва дар онҳо тамоми шароитҳо баҳри омўхтани забонҳову касбу ҳунарҳои гуногун мавҷуданд.
Муассисаи давлатии “Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” яке аз муассисаҳоест, ки дар маҳфилҳои он теъдоди зиёди наврасон- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ҷалб карда шудаанд. Ин наврасон дар маҳфилҳои Муассиса на танҳо илму касбу ҳунар меомўзанд, инчунин бо иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ маҳорату истеъдодашонро низ баланд мебардоранд. Зеро рисолати аслии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва роҳбарони маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ пеш аз ҳама дар замири хонандагон бедор намудани худшиносию худогоҳӣ, ватандўстию халқпарварӣ ва омўзонидани илму ҳунар буда, ин амали муқаддас метавонад дар баланд гардидани одобу ахлоқ, сатҳи худшиносию худогоҳӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани наврасон нақши арзандае гузорад. Мо мисоли инро метавонем дар фаъолияти хубу бонизоми маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ баръало мушоҳида намоем.
Ҷалби наврасон ба маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар тарбия ва ташаккули шахсияти хонандагон мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Мақсади асосии ҳам муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ пеш аз ҳама, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, омӯзиш ва эҳтироми таъриху фарҳанги милливу башарӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ба ин васила, ташаккули шахсият ва шаҳрванди фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Яке аз роҳҳои ҷалби насли наврас ба омӯзиш ва ҷилавгирии онҳо аз бекоргардию даст назадан ба амалҳои номатлуб фаъолияти хуби муассисаҳои таҳсилоти иловагист. Чунки муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ яке аз омилҳои муҳими ғанӣ намудани малакаю маҳорат ва васеъ гардонидани ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон ба шумор рафта, дар бедор намудани майлу рағбати хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ, эҷодӣ, касбию ҳунарӣ ва варзишӣ нақши муҳимеро мебозад.
Бешуғл мондани кўдакону наврасон дар давоми рўз метавонад ба фаъолияти рўзмарраи онҳо зиёни ҷиддӣ расонад, зеро шахси бешуғлу бекор қодир аст ба дигар амалҳо, ки дар натиҷаи таъсири муҳит, ёру дўстон ва ҷомеа ба вуқўъ мепайванданд, даст занад.
Яке аз чунин воситаҳои таъсиррасон имрўз шабакаҳои интернетӣ гардидааст, ки бо ҳар роҳу восита метавонанд таъсири манфии худро дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон расонанд. Волидайну омўзгорон ва роҳбарони маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагиро зарур аст, ки доир ба истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ ба насли навраси кишвар корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом диҳанд ва дар пешгирии амалҳои номатлуб ё шомил нашудани наврасону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву фоҷеаовар саҳмгузор бошанд. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳояшон изҳор дошта буданд, ки террористон дин, мазҳаб, виҷдон, имону инсоф ва Ватан надоранд».
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки террористон барои ҷомеаи башарӣ ниҳоят шахсони хатарноканд ва доимо баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки хеш дар андешаи халалдор намудани зиндагии осоиштаи мардум буда, қодиранд дар амалӣ намудани мақсаду ниятҳои нопокашон ба ҳама кор даст зананд. Бинобар ин, вазифаи ҳар яки мост, ки насли наврасу ҷавони кишварро, ки ба маслиҳату дастгириҳои мо- насли калонсоли ҷомеа, хеле ниёз доранд, ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба онҳо дар ҳама ҳолат зираку ҳушёр буданро омўзонем ва роҳи дурусти зиндагии минбаъдаашонро муайян намоем.
Тоир Холов
мудири шуъбаи иттилоот ва нашриёти Муассисаи давлатии “Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе”