АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ИМД-2023

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонад, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои довталабон дар имтиҳонҳои мазкур муқаррар карда шуд.

Маблағе, ки довталаб барои хизматрасонӣ ҷиҳати иштирок дар имд-2023 пеш аз бақайдгирӣ месупорад.

ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ (СИНФИ 11‑УМ), ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ:

1. Довталабони беимтиёз – 300 сомонӣ.

2. Довталабони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд – 150 сомонӣ.

3. Довталабони маъюби гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” – 150 сомонӣ.

4. Довталабони ятими кул ва бепарастори то 21‑сола аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2023 озоданд.

5. Довталабони маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё “кӯдаки маъюб”, ки падар ё модарашон вафот кардаст ё дар парастории яке аз онҳоянд аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2023 озоданд.

ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ АСОСӢ (СИНФИ 9‑УМ):

1. Довталабони беимтиёз – 210 сомонӣ.

2. Довталабони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд – 105 сомонӣ.

3. Довталабони маъюби гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” – 105 сомонӣ.

4. Довталабони ятими кул ва бепарастори то 21‑сола аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2023 озоданд.

5. Довталабони маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё “кӯдаки маъюб”, ки падар ё модарашон вафот кардаст ё дар парастории яке аз онҳоянд аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2023 озоданд.

ТАВАҶҶУҲ! Шахсоне, ки аз пардохти маблағи хизматрасонӣ ё қисме аз маблағи мазкур озоданд, ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.Хотиррасон мекунем, ки маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД тавассути марказҳои хизматрасонӣ ва филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, инчунин воситаҳои электронӣ пардохтан мумкин аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *