МЕҲВАРСУТУНИ ЗИНДАГИИ ИНСОНИЯТ

Беҳтарин офаридаи Офаридгор зан-модар аст. Таърихи башар гувоҳӣ медиҳад, ки зан-модар новобаста аз миллату наҷод, дину мазҳаб, ҳолати иҷтимоӣ ва тарзи зиндагии шахсияш офаридгор-офаридгори насли башар аст. Олиҳаи меҳру муҳаббат, инсофу адолат, ақлу заковат, ҳалимиву меҳрубонӣ, ғамхору тарбиятгар, хоҳони оромии замона ва пешбарандаи ҳаёти инсонӣ буд, ҳаст ва мемонад.

Зан-модари тоҷик ҳамин рисолати таърихии худро сарбаландона иҷро кардааст ва иҷро карда истодааст.

Зан-модари тоҷик пеш аз ҳама, чун муҳофизи арзишҳои муқаддаси ниёгон маҳсуб ёфта, илова бар ин дар паймудани роҳи саҳеҳ ва дурусти фарзандон нақши бориз дорад.

Мушоҳидаҳо борҳо исбот намудаанд, ки ҳар тасмимот модар дар таълиму тарбияи фарзанд гирифта, ҳамеша бар пояи ақл ва мантиқ аст. Аз ин лиҳоз модарро нахустин устоди башар мегӯянд.

Баъд аз истиқлолият ба даст овардани тоҷикон дар қатори ба даст овардани шоистатарин амалҳо ва иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин баланд бардоштани ҳуқуқи зан-модар ва мақоми ӯ дар ҷомеа мебошад.

Ҳуқуқ ва озодиҳои зан модарро, махсусан, ҷойгоҳи занро дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болотарин мақом қарор дода, баробарҳуқуқии занонро бо мардон ва иштироки баробари онҳоро дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим кафолат медиҳад. Ин маънӣ дар моддаҳои17 ва 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонуни асосии кишвари мо аст муайян карда, ҷойгоҳи занро дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ дар баландтаринмақом қарор дода, баробарҳуқуқии занонро бо мардон ва иштироки баробари онҳоро дар ҳама соҳаҳои ҳаёт кафолат додааст: “Мардон ва занон баробарҳуқуқанд” (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016, моддаи 17).

Бо мақсади амалӣ ва татбиқ намудани меъёрҳои конститутсионӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, танзими расму анъана, оинҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳо як силсила фармон ва асноди меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷумла фармони Президенти мамлакат “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолати давлатии баробарҳуқуқии занону мардон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” аз 01.03.2005, №89, Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 19.04.2001, №192, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010” аз 08.08.2001, №391; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила”, “Консепсияи рушди оила”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ба тавсиб расиданд, ки ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат мекунанд.

Ин аст, ки зани тоҷик имрӯз роҳбари кордон, олиму донишманд, табиби ҳозиқ, омӯзгори мушфиқу ғамхор, соҳибкори муваффақ, тарбиятгари фарзандон ва нерӯи гарми ҳар хонадон аст.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25%, тандурустӣ 71%, соҳаи маориф 73% ва фарҳанг 47%-ро занон ташкил медиҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муаззами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 23.12.2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қайд намуданд, ки “Мо ҳамчунин ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чун ки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.

Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зан-модар оиди баланд бардоштани қадру манзалати занон дар ҷомеа изҳор менамоянд, омӯзгорон ва хонандагони Литсейи мо баҳри иҷрои ин бовариҳо ва ғамхориҳои пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сазовор ба ин эътимод ва арзанда ба ин халқу ватан бошанд ва вазифаҳои дар наздашон гузошташударо вобаста ба талаботи замон сарбаландона иҷро намоянд.

Аз шумораи умумии омӯзгорон ва кормандони техникии Литсей 69%-ро занон ташкил медиҳанд, ки ҳамаи занон-омӯзгорон соҳиби маълумоти олӣ буда, аз рӯи ихтисос кор ва фаъолият намуда истодаанд. Аз ин шумораи зикршуда 3-нафар занон ба ҳайси муовини директор, 1-нафар номзади илмҳои филологӣ, 1-нафар унвонҷӯ, 6-нафар магистрант, 20-нафар бо тахассуси олӣ, 12-нафар бо тахассуси якум, 4-нафар бо тахассуси дуюм ва 1-нафар ғолиби даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” мебошанд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд.

Дар Литсей 490 нафар духтарон таҳсил менамоянд. Духтарон дар корҳои ҷамъиятии Литсей, ноҳия ва шаҳр фаъолона иштирок намуда, дар озмуну олимпиадаҳое, ки дар сатҳи ноҳия, шаҳр, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гузаронида мешаванд, барои ишғол намудани ҷойҳои сазовор кӯшиш менамоянд. Аз ҷумла дар соли таҳсили равон аз миёни ин хонандагон 13-нафар гирандагони стипендияи Президентӣ ва 9-нафар гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ҳастанд. Дар баробари ин 2-нафар ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, 15-нафар ғолибони озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ-Душанбе”, 6-нафар ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ, 170-нафар иштирокчиёни олимпиадаҳо ва озмунҳои шаҳрӣ, 20-нафар ғолибони Академияи хурди илмҳои ҶумҳурииТоҷикистон, 20-нафар ғолибониозмуни “Лига-Эрудитов”, 12-нафар ғолибони озмуни “Россия-великая страна”, 8-нафар ғолибони озмуни“Spelling Bee”, 12-нафар ғолибони озмуни “Як камарбанд як роҳ” ва 7-нафар ғолибони даври дохилилитсейии озмуни ҷумҳуриявии“Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” гардиданд.

Духтарони Литсейи мо дар мусобиқаҳои варзишӣ низ фаъолияти хуб нишон дода, 3-нафар дар намуди шиноварӣ, 4-нафар дар намуди карате, 1-нафар дар намуди камонварӣ, 1-нафар дар намуди тенниси калон ва 7-нафар дар намуди варзиши сабук ғолибони озмуни шаҳрӣ гардиданд.

Мо омӯзгорон ва хонандагони Литсей баҳри он кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ободонӣ ва гул-гулшукуфиии Ватани азизамон ҳиссагузор бошем ва он вазифаҳое, ки дар назди мо омӯзгорон ва хонандагон гузошта шудааст, муваффақона амалӣ намоем.

Сироҷзода Ҷамолиддин Қиём,

директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи №2 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *