Сухан доимо ҳамроҳи инсон аст. Агар мо худ сухан накунем ҳам, нутқи касеро мешунавем. Ҳар як сухан водор месозад, ки мо дар бораи чизе андеша намуда, бо афроди ҷомеа муошират пайдо карда, фикри хешро сайқал диҳем.
Фикру хаёл низ – як шакли нутқи дарунӣ ба шумор меравад. Хониши китобҳо, мақолаҳо, тамошои барномаҳои телевизионӣ, филмҳо – ин ҳама гуфтугӯи дарунӣ бо муаллиф аст. Калимаҳои бадеӣ дар инсон тӯфони ҳиссиётро бедор месозад ва ҳиссиёт дар навбати худ шуурро дар вуҷуди инсон таҳким мебахшад. Дар ин маврид сомеъ ва ё тамошобин фарқияти неку бадро меомӯзад ва дар вуҷудаш ҳиссиёти маърифатӣ пайдо мешавад. Аз ин ҷост, ки калима ин хишт аст ва аз калимаҳои бисёр – хиштҳо иморати хеле бузург – забон пайдо мешавад.
Нутқ забон дар амал аст. Нутқ нишондиҳандаи босаводӣ, ниҳояти назар, боигарии ҷаҳони ботинии инсонро нишон медиҳад. Бегуфтугӯ, ба ҳама зарур аст, ки барои омӯзиши забон бисёр кӯшиш намоянд, таркиби луғавии худро бой гардонанд, дуруст ва зебо сухан гуфтанро омӯзанд. Дар замони мо омӯзиши забони англисӣ барои ба сатҳи баланди маърифат расидан ёрӣ медиҳад, имкон медиҳад, ки мо дар тамоми ҷаҳон бемалол саёҳат намоем.
Замони муосир аз мо талаб менамояд, ки бештар се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисиро омӯзем. Забони русию англисӣ чашмони моро ба ҷаҳон мекушояд. Агар чашм — оинаи шартӣ барои ҷисми кас бошад, забон оинаи шартӣ барои шуур ва шахсияти ӯст.
Забони давлатиро ҳамаи шаҳрвандон бояд донанд. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» қабул карда шуд, ки ҳадафаш тақвияти забономӯзии ҷавонон аст.
Омӯхтани забонҳои хориҷӣ он қадар душвор нест. Танҳо каме кӯшиши пайваста ва талоши ҷиддӣ зарур асту халос.
Омӯзиши дигар забонҳо на танҳо фоида меорад, инчунин, миқдори алоқаи нейронҳои асаби моро зиёд мекунад. Омӯхтани забон беҳтарин машқ барои зеҳн аст.
Роҳи забономӯзӣ он қадар тӯлонист, ки мо наметавонем бо сафари кӯтоҳе ин роҳи беохирро ба қадри зарурӣ тай намоем.
Агар сесад забон донӣ, фузун нест.
Дили инсонро рабудан – забони ӯро донистан аст.
Донистани забони ғайр донистани воқеияти ҳаёти миллати дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст.
Барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ мо бояд, пеш аз ҳама, забони модарии худро ба хубӣ донем.
Забон барои муоширати инсон офарида шудааст.
Шодимурод Қаҳҳоров,
омӯзгори забони англисӣ,