Ҳар шахси соҳибдилу бохирад ва баору номус новобаста аз замону макону вазъи иқтисодию иҷтимоияш дар умқи дил муҳаббат ба зодгоҳу диёри хеш, муҳаббат ба забони модариаш, муҳаббат ба миллату нажоди худ дорад ва аз ин ҳама ифтихор мекунад.
Ин хеле хуб аст ва сатҳи маънавияту одамияти ӯро муайян мекунад. Дар ин миён ҳисси ифтихори миллӣ дар ҷаҳони маънавии ҳар шахс дорои аҳамияти муҳимтарест. Ифтихори миллӣ ифтихор аз Ватан, миллат, сарватҳои моддию маънавӣ, илму адаб аст. Дар заминаи ифтихори миллӣ шахс хидмати шоиста ба халқу Ватан мекунад, дар шукуфоии он ҳиссагузор мешавад.
Ба истиқлолият расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири садаи бистум ба тақвияти ҳисси ифтихори миллии ҳамагон мусоидат кард. Яке аз заминаҳои соҳибистиқлолӣ худ ифтихори миллӣ буд. Дар заминаи истиқлолият дар баробари омилҳои дигар асосҳои таълиму тарбия, ҳадаф ва муҳтавои онҳо, дастуру барномаҳои фаннӣ бознигарӣ шуданд ва ҳамбаста ба тарбияи ифтихори миллӣ таҳриру таҳия гардиданд.
Мувофиқи асноди нави марбут ба таълиму тарбия дар мактабҳо тарбияи ҳисси ифтихори миллӣ дар насли наврас дар замони соҳибистиқлолӣ дар меҳвар гузошта шудааст. Маълум , ки ин амал аз синфҳои ибтидоӣ оғоз меёбад. Дар ин марҳила, ки шууру ҷаҳонбинӣ ва фаҳмишу дониши хонандагон ташаккул мепазирад, тарбияи ифтихори миллӣ омили басо муҳим маҳсуб меёбад. Дар шогирдони хурдсоли синфҳои ибтидоӣ дар ин замина, пеш аз ҳама, меҳру муҳаббат ба Ватани маҳбубро тавсеа бояд дод. Муҳаббат ба Ватан асоси шакл-гириву нерумандгардии ҳисси ифтихори миллист. Шогирдон бояд дар бораи Тоҷикистон ҳар чӣ бештар маълумот дошта бошанд ва донанд, ки ҳар яке дар назди Ватан масъуланд ва бояд дар оянда дар ободонию пешрафти он ҳиссагузор бошанд. Яке аз омилҳои тақвиятбахши ҳисси ифтихори миллӣ адабиёти бадеист. Ба воситаи шеъру ҳикоя, зарбулмасалу мақол метавон ба ҳиссу фаҳми хонандагони хурдсол амиқтар таъсир расонд. Хонандагон бо ҳидояту пешниҳоди омӯзгор бояд дар васфи Ватан ва миллати маҳбуби хеш шеърҳо азёд кунанд, мақолҳо донанд. Шеърҳо бояд маҳбуб будани Ватан, фидокорӣ ба халқу миллатро талқин намоянд ва дар ин замина ҳисси ифтихори миллии шогирдонро таҳким бахшанд.
Албатта, шеърҳо ва осори дигари бадеӣ ба хонандагон бояд бо дарназардошти хусусиёти синнусолии онҳо пешниҳод шаванд. Муҳим аст (ва омӯзгор ба ин таваҷҷуҳи махсус зоҳир бояд намояд), ки хонандагон ҳар шеърро сарсарӣ ва механикӣ не, балки бо дарки маънои он азёд намоянду ифоданок бихонанд.
Дар болоравии ҳисси ифтихори миллии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар баробари дарсҳои муқаррарӣ ва дарсҳои тарбиявӣ бояд аз имконоти чорабиниҳои беруназсинфию беруназмактабӣ (маҳфилу озмуну вохӯриҳо, саёҳат ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ…) васеъ ва ҳадафмандона истифода бурд.
Агар шогирдони мо ҳисси баланди ифтихори миллӣ дошта бошанд, Ватанро самимона дӯст хоҳанд дошт ва ҳамеша фарзанди содиқу ғамхори Ватан хоҳанд буд.
Сайдасвар ЁҚУБОВ,