ТАБРИКОТИ ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР – САРДОРИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Модарону хоҳарони гиромӣ,

Бонувони муҳтарам,

Дар ин рўзҳои нахустини баҳор, яъне оғози эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебои сарзамини бостониамон Шумо модарону хоҳарон ва тамоми бонувони азизро ба муносибати иди фархунда — Рўзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти зиёд муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, хотири ҷамъу дили беғам таманно менамоям.

Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми мартро ҳамчун Рўзи Модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи Зан – Модар таҷлил мекунад.

Аввалин омӯзгори беминнати инсон модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ӯ тарбия мекунад. Аз ин лиҳоз, аксари мутафаккирони барҷастаи гузаштаву муосири олам, аз ҷумла, адибони мо хислатҳои ҳамида, бузургӣ ва қудрати азалии модарро ситоиш карда, дар назди мақому мартаба ва нақши беназири ӯ дар зиндагӣ сари таъзим фуруд овардаанд. Бузургии Зан-Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Ин масъулияти бузург модарону бонувони моро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар руҳияи меҳандӯстию ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоянд.

Зеро нақши Зан-Модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад. Агар ободиюсуботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии Зан – Модар вобаста аст. Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.

Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад. Модарони арҷманди мо дар ҳифзу нигоҳдошти расму ойинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд.

Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид мегардад.

Аз ин лиҳоз, Рўзи Модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.

Ҳамаэъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарўзии Модар аст.

Яъне дунё дар домони биҳиштии Модар парвариш меёбад ва аз ин рў, башарият ҳамеша аз Ӯ сипосгузор мебошад.

Хираду наҷобат ва бузургии Модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрўзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

Бузургдошти Модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ў қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки Модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории Ӯ расем.

Ҳамду сано ба Зан — Модар, ки муҳаббати Ӯ интиҳо надошта, пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои Ӯст.

Бори дигар ҳамаи Шумо – модарону хоҳарони меҳрубон ва бонувони азизро бо ин ҷашни пуршукуҳ шодбош гуфта, бароятон дар арафаи Наврўзи фархундапай рўзгори пур аз баҳорро орзу дорам.

Идатон муборак бошад, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *