ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҲИМ САИДЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР

Модарони азиз!

Муҳтарам бонувони соҳаи маориф!

Фархундаҷашни Рӯзи Модар ва фарорасии фасли зебои сол — баҳори оламафрӯзро ба шумо табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу менамоям. Бигзор, офтоби нурбори меҳру муҳаббат кошонаи зиндагии шуморо ҳамеша гарму рӯшан намояд.

Модар сафобахши рӯзгори башарият аст. Маҳз аз домони ин олиҳаи муҳаббат тарбияи абармардони бузурге оғоз гардидааст, ки дар таҳаввули зиндагии башарият дасти боло доранд. Сухани басо барҳақ аст, ки мегӯянд: “Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар Заминро меҷунбонад”. Ҳамин бузургии модар аст, ки дар ниҳоди ҳар як фард ишқу муҳаббат, дӯстдорӣ, садоқат ба Меҳан, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ ва умумибашариро мепарварад. Ҳамагон эътироф кардаанд, ки модар аввалин муаллими башарият аст. Модар аст, ки шабу рӯз бо заҳматҳои пайваста дар ниҳоди фарзанд ҳисси волои муҳаббат ва садоқат ба зодбумро ҷой мекунад, то ки ӯ тавонад бо заковату хираду андешаи худномбардори Ватан бошад.

Мо, ҳамагон, итминони комил дорем, ки:

Зан набошад зебу зиннат нест дар маъвои мо,

Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бонувони тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору табиб, муҳандису варзишгар, омӯзгори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ ва ободии кишвар саҳми басо арзишманд доранд. Пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар, махсусан, соҳаи маориф ва илм ҳамбастагии зиёд ба фаъолияти бонувони варзидае дорад, ки тавонистаанд бо заҳматҳои пайвастаи худ аз пешоҳангони ин соҳа бошанд.

Дар фаъолияти тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ то мактабҳои олӣ занон нақши муассир доранд ва ҳамвора бар он мекӯшанд, ки наврасону ҷавонон – ояндасозони миллат хушодобу нексиришт ва соҳибхирад бошанд.

Айни замон қисмати зиёди кормандони соҳаҳои маорифу илми мамлакатамонро занону бонувон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, фаъолияти шумо, хоҳарону модарони гиромӣ, пайваста зери таваљљуњ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо дарки мавқеи бонувон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар Пешвои миллат ба неруи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» унвон намудаанд.

Сарвари кишвар дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) боз ҳам ба мавқеи занон дар ҷомеа ва масоили марбут ба ҳаёти онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла, чунин иброз доштанд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббуси онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.

Президенти мамлакат барои илмомӯзии занону духтарон тамоми шароитро фароҳам овардаанд, то занону бонувони кишвар, онҳое, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми бузург доранд ва онҳое, ки боривазнини таълиму тарбияро бар дӯш гирифтаанд, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои ҷомеаву давлат душворӣ накашанд.

Модарону хоҳарони гиромӣ!

Шумо ватандӯсту накукору худшиноси ҳақиқӣ ва соҳибмаърифату қавиирода ҳастед ва дар сурату сирати хеш беҳтарин хислатҳои зани тоҷикро мунъакис намудаеду намоди неки бонуи муваффақи Шарқзамин мебошед.

Итминони комил дорем, ки бонувони арҷманди мо дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои хушбинонаи давлату Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлат минбаъд боз ҳам бештар саҳмгузор мешаванд.

Бори дигар шумо – модарон ва бонувони арҷмандро ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.

Рӯзи Модар муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *